ХАБАРИ ДОҒ
Панҷшанбе, Фев 15 2018


14.02.2018 ҳавопаймои ширкати «Сомон Эйр» аз Душанбе ба Олмон кӯдакони ба ҷарроҳиҳои мураккаб ниёзмандро интиқол дод. Ин хатсайр бо дархости Созмони Деҳаи Байналмиллалии Сулҳ сурат гирифта, ҳавопаймо аз Душанбе ба Кобул, пасон ба Тошканд, Тбилиси ва дар ниҳоят ба Доселдорф парвоз намуд.
Бино ба итиллои Тимур Бандишоев, сухангӯи ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр», тибқи ин барнома аз Тоҷикистон, Афғонистон, Ӯзбекистон ва Гурҷистон ба Олмон беш аз 100 нафар кӯдакон интиқол дода шуданд.

СССР

Панҷшанбе, Фев 15 2018


Рӯзи 14.02.2018, дар шаҳри Душанбе байни Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ш.Ваҳдат ва Агентии ҳамкории байналмилалии Корея (KOICA) санади муҳими энергетикию тиббӣ ба имзо расид. Лоиҳа дар қаламрави 9 деҳаи дараи Ромит-Ғускеф, Пичеф, Қоқу, Девдара, Новаки поён, Новаки боло, Пушандоч, Вистан ва Дашти мазор амалӣ шуда, сокинони ин деҳаҳо бори нахуст ба нерӯи барқ ва хизматрасонии муосири тиббӣ дастрасӣ пайдо мекунанд. Дар доираи ин лоиҳа 1 зеристгоҳи 110/10 кВт ва беш аз 50 км хати интиқоли барқи 0,4 кВт сохта шуда, трансформатор, низоми муосири назорат ва баҳисобгирии барқ насб ва ҳамчунин бунгоҳҳои тиббӣ бунёд мешаванд. KOICA барои сохтмони шабакаҳои барқӣ ва беҳбуди сатҳи хизматрасонии тиббии аҳолии дараи Ромит ба сифати кумаки бебозгашт 6 млн. доллар маблағ ҷудо мекунад.

Панҷшанбе, Фев 15 2018


Корхонаи муштараки AKIA AVESTO бори нахуст дар мамлакат ба бандубасти автобусҳои тамғаи «AKIA» оғоз кард. Ифтитоҳи расмии ин корхона дирӯз бо ҳузури президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва раиси ш.Душанбе Рустами Эмомалӣ сурат гирифта, иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади навсозии парки техникии ш.Душанбе барои харидории 100 автобуси тамғаи “AKIA” бо дарназардошти бандубасти он дар ҳудуди ҶТ шартнома ба имзо расонида шудааст.
Бино ба итиллои расмӣ, ҷиҳати интиқоли автобусҳо ба ҶТ корҳо идома дошта, айни замон 13 автобус ворид гардид ва то имрӯз бандубасти 10 адади он ба итмом расидааст. Масъулони корхонаи муштарак нақша доранд, ки дар кишвар  истеҳсоли 5 намуд автобусҳои дохилишаҳрӣ ва беруназшаҳриро бо дарназардошти мутобиқати он ба стандартҳои байналмилалӣ ба роҳ монанд. Тибқи иттилои масъулон, баробари ба фаъолият оғоз намудани корхонаи нав иқтидори истеҳсоли автобусҳо дар 1 сол аз 250 то 300 ададро ташкил дода, шумораи кормандон аз ҳисоби мутахассисони маҳаллӣ на кам аз 200 нафар хоҳад шуд. Корхонаи мазкур дар мӯҳлати 1 сол сохта мешавад.

СССР


Панҷшанбе, Фев 15 2018


Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи тоҷик» дар соли 2017 беш аз 15 млрд кВт.соат энергияи барқ истеҳсол намуд, ки он нисбат ба соли 2016 дар ҳаҷми 955,8 млн. кВт-соат зиёд мебошад. Аз ҷумла, истеҳсоли энергияи барқ дар марказҳои барқу гармидиҳӣ ба 980,9 млн.кВт.соат баробар шуд, ки нисбат ба соли 2016 380,8 млн. кВт-соат афзоиш ёфтааст. Дар ин бора ба намояндагони воситаҳои ахбори омма Мирзо Исмоилзода, раиси ШСХК «Барқи тоҷик» рӯзи 14.02.2018 хабар дод.
- Яке аз проблемаҳои асосии соҳа, ки имрӯз моро ба таш¬виш овардааст, ин дар сатҳи ниҳоят паст пардохт шудани маблағ аз тарафи баъзе истифодабарандагони азими ҷумҳурӣ мебошад. Новобаста ба дастгириҳои соҳаи хоҷагии оби ҷумҳурӣ аз тарафи Ҳукумати мамлакат, ки аз соли 2010 то ин ҷониб нисбат ба онҳо тарифи имтиёзнок татбиқ шуда истодааст, соли 2017 корхонаҳои Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ пардохти маблағи барқро ҳа¬магӣ дар сатҳи 2,7% таъмин намуданд. Дар 7 соли татбиқ гардидани тарифҳои имтиёзнок барои насосҳои обкашӣ даромади молӣ ба маблағи зиёда аз 980 млн. сомонӣ кам гардида, ба вазъи молиявии ШСХК «Барқи Тоҷик» таъсири манфӣ расонида ис¬тодааст. Бо мақсади рӯёнидани қарзҳои дебиторӣ ширкати «Барқи Тоҷик» соли 2017 ба 2450 нафар муштариёни қарздор ба маблағи зиёда аз 173,2 млн. сомонӣ иддао пешниҳод на¬муд, ки аз ин маблағ 49,8 млн.сомонӣ, ё ин ки 28,8%-и маб¬лағи пешниҳодшуда ба суратҳисоби ширкат ворид шу¬даст, - иброз намуд Мирзо Исмоилзода.

СССР
 


Сешанбе, Фев 13 2018


Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи ичтимоии аҳолии ҶТ дар соли 2017 аз таваллуди 729 кӯдакони маъюби модарзод пешгирӣ намуд.
Бино ба итиллои Насим Олимзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи ичтимоии аҳолии кишвар, дар соли сипарӣ гардида, дар байни занони ҳомила 1380 нуқсонҳои дохилибатнии тифл дар давраи барвақти ҳомиладорӣ дарёфт гардида, ҳомиладории 729 нафар занон қатъ карда шуд. Ин омил боиси пешгирии таваллуди 729 кӯдакони маъюби модарзод гардид. Тибқи маълумотҳои солҳои гузашта ҳамасола таваллуди то 1200 кӯдакони маъюби модарзод ба қайд гирифта мешуд.

СССР

Сешанбе, Фев 13 2018


Айни замон дар муассисаҳои хусусии тиббии мамлакат 25 нафар мутахассисони бурунмарзӣ кору фаъолият намуда, ба шаҳрвандони Тоҷикистон кӯмаки тиббӣ менамоянд.
Чуноне ки дар нишасти матбуотии вазорати тандурустӣ ва ҳифзи ичтимоии аҳолии ҶТ маълумот дода шуд, аз ин 25 нафар-5 нафар шаҳрвандони Эрон, 8 нафар табибон ва 1 фелдшер аз Хитой, 4 нафар аз Ҳиндустон, 3 нафар аз ИМА, 1 нафар аз Дания, 1 нафар аз Норвегия ва 2 нафар аз Россия мебошанд.

СССР

саҳ 92 аз 156

Китобҳо

Flag Counter