ХАБАРИ ДОҒ
Панҷшанбе, Сен 28 2017


Ширкати ҳавопаймоии «Ӯзбекистон ҳаво йуллари» рӯзи парвозашро аз Тошканд ба Душанбе иваз кард. Айни замон парвозҳо дар масири Тошканд-Душанбе-Тошканд, ки қаблан рӯзҳои сешанбеи ҳафта амалӣ меёфт, ба рӯзи шанбеи ҳафта гузаронида шуд.
Чуноне ки ба мухбири СССР аз дафтари матбуоти фурудгоҳи байналмилалии Душанбе хабар доданд, ин тағийрот муваққатӣ буда ширкати мазкур ният дорад дар ояндаи наздик рӯзи парвозро тибқи нақшаи пештара иҷро намояд. Соати парвози ҳавопаймо аз Душанбе ба пойтахти Ӯзбекистон акнун 11:25 бо вақти Душанбе буда ҳавопаймо соати 12:25 дар фурудгоҳи байналмилалии ш. Тошканд фуруд меояд.

СССР

Душанбе, Сен 25 2017


Ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик эйр» чанд лаҳза пеш қазияи нишасти ҳавопаймоии АН-28, ки пас аз парвоз аз фурудгоҳи Хоруғ ба самти Душанбе пас аз зӯҳри имрӯз дубора ба замин нишаст, шарҳ дод.
Бино ба иттиллои Азиз Хайруллоев, сухангӯи ширкати мазкур, сабаби қатъи парвоз ин мушкилоти фаннӣ, аниқтараш аз кор мондани яке аз муҳаррикҳо буда айни замон барои бартараф намудани мушкилот 1 комиссияи вижа таъсис дода шудааст. Мусофирони АН-28 бо чархболи аз Душанбе ба Хоруғ парвоз карда, ки масъулини ширкати «Тоҷик эйр»-ро ба таври оҷилӣ бурд, ба Душанбе баргашта истодаанд.

СССР



Душанбе, Сен 25 2017



Аз 27 сентябр сар кардла то 19 октябри соли равон обрасонӣ дар бархе аз хиёбону маҳаллаҳои пойтахт бо навбат муваққатан қатъ мегардад.
Чуноне ки ба мухбири мо аз шаҳрдорӣ хабар доданд, обрасонӣ аз истгоҳҳои обтаъминкунии «Фишорӣ», «Худҷореъ», «Ҷанубӣ-Ғарбӣ» ва «Кофарниҳон»  бо мақсади гузаронидани корҳои таъмирӣ-профилактикии шабакаҳои обтаъминкунии Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» қатъ карда мешавад.
Тибқи нақшаи тарҳрезишуда, аз соати 23-00 рӯзи 18 октябр то соати 24-00 рӯзи 19 октябр аз истгоҳи «Фишорӣ» обрасонӣ дар ноҳияи Сино, маҳаллаҳои Шараф, Ал-Берунӣ, Беморхонаи клиникии ҷумҳуриявии №3 ба номи Дяков, Муассисаи давлатии «Боғи ҳайвоноти шаҳри Душанбе», КВД «Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ», ҶДММ «Кохи Наврӯз» ва кӯчаи Варзишгарон;

— ноҳияи Исмоили Сомонӣ, хиёбони Рӯдакӣ (аз кӯчаи Бухоро то кӯчаи С.Ғанӣ), хиёбони Исмоили Сомонӣ, кӯчаҳои М.Турсунзода, Шевченко, Шероз, С.Носир, Шотемур, Ф.Ниёзӣ, А.Командир, М.Холов, Л.Шералӣ, Ғ.Абдулло, Азизбеков, Ф.Шаҳобов, Л.Толстой, М.Миршакар, Пушкин ва Теҳрон обрасонӣ қатъ мешавад.
Аз соати 23-00 рӯзи 27 сентябр  то соати 24-00 рӯзи 28 сентябр аз истгоҳи «Худҷореъ» обрасонӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, маҳаллаҳои Хуҷамбиёи боло ва поён, Шафақ, А.Соатов, Амиршоев, Заҳматобод, Саҳбо, Қ.Раҳимов, Анзоб, Гулистон, Зайнаб-бибӣ, У.Хайём ва Сари-Осиё, кӯчаҳои П.Толис, Гагарин, Сурхоб, Меҳнат, Карамов, Шевченко, хиёбони Рӯдакӣ (аз буриши кӯчаи У.Хайём то кӯчаи С.Ғанӣ), инчунин Боғи С.Айнӣ, Беморхонаи ҷумҳуриявӣ ва шаҳрчаи тандурустӣ;

— ноҳияи Шоҳмансур, маҳаллаҳои Н.Муҳаммад, Қӯрғон, Хоруғ, Баҳорӣ ва Бадахшон-1,2, кӯчаҳои Дӯстии халқҳо, А.Дониш, Истаравшан, Ҳусейнзода, Нарзиқулов, Академикҳо Раҷабовҳо ва С.Айнӣ аз хонаҳои 1 то 77;

— ноҳияи Сино, маҳаллаҳои 10-15, 15А, 31, 82, 91, 92, 101, 102, 112, Зарафшон 1 ва 2, Испечак 1 ва 2, Муҳандис, Меҳробод, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, Навободи боло ва поён, Буни Ҳисорак, Деҳи боло, Панҷруд, Ободкорон, Бунёдкорон, Лучоби боло ва поён, Комсомол, Қазоқон-1 ва 2, Мовароунаҳр, Камонгарон, Шишхона, Ҳаёти нав, Қарамиршикор ва кӯчаи Бобо Ҳамдам;

— ноҳияи Фирдавсӣ, кӯчаҳои Қаҳҳоров, Миралӣ, Мушфиқӣ, Соҳилӣ, Н.Қарабоев то кӯчаи Шестопалов, маҳаллаҳои 23, 24, Равшангарон, Дарвоз, Яккачинор ва Маркази истеҳсоли барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе обрасонӣ қатъ мешавад.
Аз соати 23-00 рӯзи 4 октябр то соати 24-00 рӯзи 5 октябр аз истгоҳи «Кофарниҳон» обрасонӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ, маҳаллаҳои Гулбутта, Маърифат, Крупская-1,2, 61, 63, 64, 65 кӯчаҳои Н.Қарабоев, Қаҳҳоров, Фучик ва Абдуллоев Наҷмиддин;

— ноҳияи Шоҳмансур, кӯчаҳои Назаршоев, Қаротеғин, Ховарон, Гулобод, Зебуниссо, Чиноро-1,2, К.Хуҷандӣ, Восифӣ, Хайробод, Мастонгулов, Фучик, Карин Манн, Зафар, С.Р.Афардӣ, Улуғбек, У.Зоконӣ, А.Савдо, Афзалӣ, хиёбони Рӯдакӣ, аз бинои роҳи оҳан то КВД меҳмонхонаи «Душанбе» ва қисмати кӯчаи С.Айнӣ, то гардиши КВД «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе», маҳаллаҳои 191, 192, Бинокорон ва комбинати коркарди чӯб қатъ мешавад.

Аз соати 23:00 рӯзи 11 октябр то соати 24:00 рӯзи 12 октябр аз истгоҳи «Ҷанубӣ-Ғарбӣ» обрасонӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ: маҳаллаҳои 43, 64, 65, кӯчаҳои Борбад ва Фирдавсӣ;

— ноҳияи Сино: маҳаллаҳои Меҳнатобод, Наврӯз, Роҳи нав, 32, 33, 52, 53, 83, 84, 103, 104, кӯчаҳои Нахимов, Мир, Юсуф Вафо, А.Қаҳҳорӣ, П.Сулаймонӣ, Тургенев, Р.Набиев ва Ханжин қатъ мешавад.

Сокинони ш. Душанбе бояд барои 1 шабонарӯз оби ошомиданиро захира намоянд.

СССР

Ҷумъа, Сен 22 2017


Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ба иҷрои хатсайри нави – Кӯлоб-Маскав оғоз менамояд. Хавопаймоҳои «Сомон Эйр» аз Кӯлоб ба фурудгоҳи «Внуково»-и Маскав ҳафтае 3 маротиба, рӯзҳои сешанбе, панҷшанбе ва шанбе парвоз менамояд. Вақти парвоз аз Кӯлоб соати 17:00 бо вақти маҳаллӣ. Парвози аввалин аз рӯйи самти нав 30.10.2017 иҷро хоҳад шуд. Ҳамаи хатсайрҳо тавассути ҳавопаймоҳои «Боинг 737» амалӣ мегарданд.
 Ғайр аз ин, ширкати номбурда иттилоъ медиҳад, ки аз санаи 30 октябр сар карда парвозҳоро аз шаҳри Хуҷанд ба Маскав ба фурудгоҳи Внуково амалӣ хоҳад намуд.

СССР
 

Ҷумъа, Сен 22 2017


Беш аз 20 км соҳилҳои рӯди сарпечи Панҷ дар минтақаи н.Ҳамадонӣ барои аввалин маротиба саддгузорӣ мегардад.

Панҷшанбе, Сен 21 2017


Шоми 19.09.2017 бо иштироки Раиси ш. Душанбе Рустами Эмомалӣ пули роҳи оҳан ва автомобилгард, воқеъ дар буриши кӯчаи Моёншо Назаршоев ва Аҳмади Дониши ноҳияи Шоҳмансур пас аз навсозӣ ва гулгашти назди истгоҳи Роҳи оҳан то маҷмааи меъмории муҷассамаи Садриддин Айнӣ, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ расман мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.
Пули роҳи оҳан ва автомобилгард аз ҷониби КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» навсозӣ ва таъмиру тармим гардидааст. Тарҳи наву лоиҳаи навсозии он аз ҷониби ҶДММ «Кул-дизайн» ва ҶДММ «Инвест лоиҳа» таҳия гардида, корҳои сохтмонӣ ва васлу насби қисматҳои он аз ҷониби ҶДММ «Строймет» ва ҶДММ «Машҳад Коло» анҷом дода шудаанд. Маблағи умумии лоиҳа  беш аз 1 миллиону 400 ҳазор
сомониро ташкил медиҳад.
Гулгашти назди истгоҳи Роҳи оҳан то маҷмааи меъмории муҷассамаи Садриддин Айнӣ низ аз ҷониби КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» пурра навсозӣ гардида, он дар масоҳати наздики 14 ҳазор метри мураббаъ доман паҳн кардааст.
Азнавсозии гулгашт аз ҷониби ҶДММ «Голддизайн студио» омода гардида, корҳои сохтмониро ҶДММ «Озодӣ-Ка» ба анҷом расонидааст. Маблағи умумии лоиҳа 7,8-ро ташкил медиҳад.

саҳ 104 аз 156

Китобҳо

Flag Counter