ХАБАРИ ДОҒ
Панҷшанбе, Фев 13 2020

   

Сиҷоуддин Саломзода, иҷрокунанда вазифаи раиси ш.Бохтар ба суоли мухбири минтақавии газетаи СССР дар вилояти Хатлон дар бораи эҳёи корхонаҳои аз кор мондаву иншоотҳои бекор хобидаи шаҳр афзуд, ки айни ҳол эшон аз майдони сохтмони иншоотҳо ва он ширкату корхонаҳои хурду бузурге, ки солҳои тӯлонӣ аз фаъолият боз мондаанд, дидан намуда, таҳқиқ ва таҳлил дорад.

   - Мо ҳатман талош мекунам, ки онҳоро дубора эҳё кунем, ҳоло бубинем, ки онҳо дар кадом ҳолатанду вазъияти молиашон чӣ гуна аст. Онҳоеро, ки таҷдид кардан имконпазир аст, ҳатман ба кор меандозем, иброз дошт Сиҷоуддин Саломзода.

Баҳодур Уроқов, СССР, вилояти Хатлон

 

Панҷшанбе, Фев 13 2020

 

Бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ дар даромадгоҳи шаҳри Леваканд манораи «Эйфел» қомат хоҳад афрохт. Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ Заррина Давлатзода, раиси ин шаҳр хабар дод.

Тавре Заррина Давлатзода қайд намуд, айни замон дар ҳудуди ин шаҳри саноатӣ беш аз 20 корхонаҳои хурду бузург фаъолият менамоянд, аммо фаъолияти онҳо ҳукумати шаҳру вилоятро қонеъ намегардонад.

СССР

 

Панҷшанбе, Фев 13 2020

   Маҳмадсаид Зувайдзода, муовини аввали раиси ш.Душанбе рӯзи гузашта зимни баргузории нишасти матбуотӣ бо хабарнигорон афзуд, ки чойхонаи «Роҳат», ки дар мавриди тахрибу барканор карданаш овоза зиёд аст, дар ояндаи наздик тахриб нахоҳад шуд.

   - Дар хусуси тахриб ва ё ба ҷойи дигар кӯчонидани чойхонаи «Роҳат» ҳанӯз тасмиме рӯи кор наомадааст ва феълан он ба фаъолияти худ идома дода истодааст. Аммо бояд бигӯям, ки биноҳои ҳамшафати он, аз ҷумла бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Душанбе, ки айни замон мо дар он кор карда истодаем, тахриб хоҳад шуд, таъкид дошт Маҳмадсаид Зувайдзода.

 

 

Чоршанбе, Фев 12 2020

 

1 манбаъи боэътимод дар Вазорати тандурустии кишвар гуфт, дар дараи Харангон 920 тан аз шаҳрвандони мо, ки аз Хитой баргаштаанд, дар ҳолати инзивоъ ё худ карантин қарор доранд. Ин манбаъ гуфт, 46 донишҷӯе, ки дирӯз, 11.02.2020 ба осоишгоҳи Харангон оварда шуданд, низ бар ин саф фузудаанд.

Дар посух ба суоли хабарнигори СССР, ки ҳамаи ин 920 тан аз Хитой баргаштаанд, манбаъ гуфт:

-Не, аксари онҳо тавассути Қазоқистон, Ӯзбакистон, Русия омадаанд. Вале онҳо бо ин ё он сабаб дар Хитой буданд. Мо рӯйхати онҳоро доштем ва баробари ба замин фаромадани тайёраҳо онҳоро ташхис карда, дар ҳолати инзивоъ қарор додем. Ин кор ба нафъи ҷамъият ва худи бозгаштагон аст ва миёни мо ягон нофаҳмие сар назадааст. Онҳо, иншооллоҳ, агар сиҳҳат бошанду сироят наёфтаанд, пеши аҳли байт бармегарданд.

Ҳамин манбаъ афзуд, худи Вазири тандурустии кишвар, Насим Олимзода шабонарӯзӣ дар Харангон аст, ситоди вежаи коронавирус таъсис ёфтааст ва вазъият таҳти контрол мебошад.

Вазири тандурустии кишвар дар сӯҳбати эксклюзив бо СССР гуфт, «хушбахтона то ҳанӯз касе аз ин афрод мариз нашудааст. Вале бояд онҳо тамомии талаботи карантинро пушти сар кунанд!».

Мавзуъро пайгир мемонем. Мо Метавонем!

М. Мубориз

СССР

 

Чоршанбе, Фев 12 2020

 

Имрӯзҳо сомонаҳои иҷтимоӣ, ки барои муошират равона карда шудаанд, ба минбари дашному ҳақорат, таҳқиру таҳдид табдил ёфтаанд. Корбарандагони тоҷикони “хориҷӣ” 1 сӯ, ташвишовараш аст, ки баъзе аз истифодабарандагони интернетӣ дар дохили кишвар низ бо 1 маърифати хеле паст набуди граматикаву этика, дар саҳифаҳои гуногуни сомонаҳои иҷтимоӣ “публикатсия, комментария ва поделится” мекунанд... 

Инстаграм: “Фу мегум, Фу!”

   Дар шабакаҳои ичтимоӣ, амсоли Инстаграму Фейсбук ва Одноклассники қариб тамоми сарояндагону шахсиятҳои шинохтаи ҷомеаи тоҷик саҳифаҳои шахсии худро доранду ҳар яке барои зиёд намудани аудиторияи худ талош мекунад. Барои ин гоҳе бо либосҳои нимбараҳна ва навиштаҷотҳои таҳқиромез мардумро ба худ ҷалб месозанд. Сипас, оғоз мешавад таҳқиру дашному таҳдид дар комментҳои мардум.

  Масалан, Меҳринигори Рустам вақте дар саҳифаи “Инстаграм”-аш аксеро гузошту мардум дашному ҳақоратро оғоз карданд. Аз ҷумла  истифодабарандае бо номи “ufc_boroda_” менависад, ки “Эээ мехригори ё чумагули либос пушид чазир шдай ку дхтарорам чазир мекни”. Ба ин монанд Фируза Ҳафизова, сарояндаи дигари кишвар дар саҳифаи худ навореро аз ҳаёти шахсии худ гузошт, ки он ҳам зери танқиди зиёд аз ҷониби мардум гардид. 

Мисоли дигар, истифодабаранди дигаре бо номи___rus1k___03 меанвисад, ки “И мошина ба зобонш тоза мекна просто барой сурат гири болошда шиштай. Мардум дар интернет нишаста, аҳамият намедиҳанд, ки ин ҳама таҳқиру дашномҳо онҳоро расвои 2 олам мекунад!

     Маҳз ба хотири нафароне, ки вақти зиёдеро барои таҳқири сарояндагон дар Инстаграм сарф мекунанд, Фируза Ҳафизова дар охири соли 2019 сурудеро бо номи “Фу мегум” нашр намуд, ки муҳтавои кутоҳаш  “мардум ба ман кор нагирен” буд.

Фейсбук-ҳақоратхонаву ғайбатхона?

    Фейсбук низ ба яке аз минбари “Ҳақоратхонаву Ғайбатхона” табдил гардидааст. Хуб, аст, ки ҳар лаҳза мо аз хабарҳои дохиливу хориҷи бохабар мешавем ва ҳама намуди рекламаро мебинем. Аммо расмҳо, навору навиштаҷотеро, ки душманони миллати тоҷик нисбат ба ватан омода месозанд, хело нигаронкунанда аст. Зеро дар аксарияти матлабҳояшон бо расм, видео, графика кадом 1 мақомдори тоҷикро дар либоси ҳар гуна ҳайвон, карикатура ва факту рақамҳои бардуруғ нашр мекунанд. Сипас баҳсу мунозираҳои шадид байни ҳамдигар  оғоз мегардад, ки саропо иборат аз ҳақорат, ҳамоқат, дашному тадвини миллати тоҷик аст. Дар ҳоле, ки дар пушти ҳар 2 девор тоҷикакон менишинад, тамошобинони дигари хориҷӣ муноқишаи бародаронро назорат мекунанд ва ба ҳоли мо механданд. Ҳарду ҷониб меъёр ё худ этикаи инсониро риоя намекунанд. Зеро ҷангҳои зеҳнии мухолифону ҳукуматиро душманони миллати тоҷик метавонанд бар нафъи худ истифода кунанд... агар накардаанд. Мо Метавонем!

 

Шералӣ Давлатов, СССР 

 

Чоршанбе, Фев 05 2020

Ҳар сол, бо дидани буҷети нави Тоҷикистон мағзам фишор мехурад. Як чиз шигифт меорад, ки бо ҳама нодорию нотавонии кишвар, аз панҷ як пораи буҷет, аз 26 миллиард беш аз 5 миллиард пул барои омӯзишу парвариш, ё "маъъориф" ҷудо мешавад. "Аммо, вале, лекин...."

Бовар кунед, ки бо ин "маъъориф" е, ки дорем, ояндаи ториктарин моро дар камин аст. Оё медонем, ки беш аз 90% мардуми мо, он чӣ мардуми дигар сохта аст, корбурд кардан наметавонад? Аз роботу ҳуши сохтаю космосу нано намегӯям, оё чанд % мо аз техникаҳои содатарини рӯзгор корбурд кардан метавонад? Сохтан не, соз кардан не, кор фармудан!!!

Чанд % "ҳушёр" фарзандонашонро дар дигар кишвар мехононанд. Ҳич хубӣ надорад. Дар мардумие, ки сиёҳӣ зер карда бошад, фарзанди донишгирифтаи шумо нишони тир мешавад. Саркӯбаш мекунанд. Ё ҳамаи мардум рӯ ба дониш меорад, ё дониш зоғи ало мешавад. Дигар роҳе ҳаргиз набуда аст. 

Чандин бор навистаю "гап шунидаам", лекин боз менависам: дар 100 соли гузашта, ҳамаи сангинии рӯзгори мардуми мо бо дасти омӯзгорон сохта мешавад. Оре, бо дасти омӯзгорон! Чунки ҳамаи "ҳавзаҳои интихоботӣ" дар дабистонҳоянду "комиссия" омӯзгорон. Пештар аз омӯзгорони тозадаст бахшиш мехостам, ин бору дигар бор не. 

Омӯзгорони арҷманд! Ҳамаи "интихобот" дар дасти шумост! Дар дасти системаи шумост! Ин шумоед, ки ё аз тарс, ё аз худширинкунӣ, ё барои кадом чизи беарзиш сарнавишти мардуми худро ба дасти бесаводон медиҳед. Ҳамаи омӯзгорон номи ҳамкорони чиркини "интихоботсоз" и худро медонанд! Ҳамаашон медонанд ва чизе намекунанд! Барои ҳамин бахшиш намепурсам. 

Ҳамин сиёкорӣ аст, ки ҳарчанд панҷяки буҷет ба номи шумост, шумо камбағалед. Дар ғами мардум, ки нестед, ҳич не дар ғами худ бошед??? Чаро шумо дуздонеро "интихоб" мекунед, ки фардо пули кори шуморо дузданд? Оё ин дуруст аст?

Як ҳампешаам Завқибек Саидаминӣ номзадии худро гузоштаст, номнавис кардаст, офаринаш. Лекин шумо боз чӣ хеле, ки Раҷаби Мирзоро нагузоштед, намегузоредаш. Овозҳояшро медуздед. Медуздеду ба дузди дигаре медиҳед. Чун ҳамеша. Чунки Раҷабу Завқибекҳо дуздиро наметавонанд, пули шуморо намедузданд. 

Донеду огоҳ бошед, ки виждон чизи буда аст. У ҳаст. Рӯзе гиребонгиратон мешавад. "Чаро бад кардам? Чаро дидаму хомӯш нишастам? Чаро донистаму накардам?" Ин пурсишҳо рӯзгоратонро аз дарун месӯзад.

То омӯзгори мо ОМӮЗГОР нашавад, то фасодро аз бадани худ берун наронад, то дасти сиёҳ ба овози мардумон назанад, панҷяку чоряки буҷет ба номи "маъъъориф" ҷудо шуда, "дерибан" мешаваду мардум мардикору омӯзгор гурусна хоҳад монд.

 

С. Бурҳонов

Одесса

 

саҳ 13 аз 129

Китобҳо

Flag Counter