Принт

Рифоӣ меояд

Котиби генералии Созмони умумиҷаҳонии туристӣ Толиб Рифоӣ рӯзҳои  9 – 11 июни соли 2016 бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон хоҳад омад.

Дар ҷараёни боздид  ӯ бо раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ассотсиатсияҳо ва ширкатҳои туристӣ, намояндагони меҳмонхонаҳо, донишҷуёни риштаи туризм вохӯрӣ намуда инчунин аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷиҳати иштирок дар фестивали фарҳангию сайёҳии “Боми ҷаҳон”, вилояти Суғд, қалъаи Ҳисор, дараи Варзоб, Боғи Ирами пойтахт, Кохи Наврӯз ва шаҳри Нораки вилояти Хатлон дидан хоҳад кард. 

Чуноне ки ба мухбири СССР дар Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ хабар доданд, ҳадафи аслии сафари Рифоӣ ба Тоҷикистон ин ташфиқу тарғиб, ҷалби таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳонӣба иқтидори туристии Тоҷикистон, омӯзондани таҷрибаи пешрафтаи ҷаҳонӣ ва иштирок дар ҷараёни ҳаллу фасли масоили рӯзмараи соҳа, барои ташаккул ва дар оянда мустаҳкам кардани имиҷи ҷумҳурӣ ҳамчун кишвари туристӣ, ба роҳ мондани равобити бештару беҳтари мутақобилан судманди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Созмони умумиҷаҳонии туристӣ ва дигар аъзои комилҳуқуқи ин Созмони бонуфузи ҷаҳонӣ аст.

Ёдовар мешавем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 ноябри соли 2007 ба узвияти Ассаблеяи Генералии Созмони умумиҷаҳонии туристӣ пазируфта шуда, ҳамчун узви комилҳуқуқи ин Созмони бонуфузи ҷаҳонӣ ҳақи аъзогӣ месупорад.

Узвияти Тоҷикистон дар ин Созмон барои рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ, таҳлилҳои маркетингӣ ва ворид шудани соҳаи туризми кишвар ба бозори ҷаҳонии туристӣ заминаи воқеӣ гузошта истодааст.

СССР

 

 

 

 

 

 

Матлабҳои дигар