ХАБАРИ ДОҒ

Ҳамсоя гирад дасти ҳамсоя!

  • Душанбе, Май 30 2016

Сокинони маҳаллаи «Зардолузор»-и шаҳри Панҷакент, ба зарардидагони сел аз маҳаллаи Суғдиён кӯмакҳои молӣ расонидаанд. Дар ин бора раиси маҳаллаи «Зардолузор» Қурбонов Муталиб ба хабарнигори CCCP иттилоъ дод. 

 

Бино ба маълумоти ҷаноби Курбонов, сокинони саховатпешаи маҳаллаи Зардолузор, кӯрпаву рӯйпӯш, зарфҳои хӯрока, гилем ва дигар ҷиҳози барои рӯзгор заруриро ба чанде аз сокинони кӯчаи Навоии шаҳри Панҷакент фиристодаанд. 

Қурбонов Муталиб, ҳамчунин гуфт мо шахсони босаховати маҳаллаи мо ба дигар сокинони офатзада низ кӯмаки молӣ расониданд. 

- Дар ин рӯз дасти ҳамдигарро гирфтан, ва хусусан онҳое, ки зарар дидаанду ҳама чизу чораашон ба коми сел рафтааст, як амали хайр ва кори савобе аст, - гуфт раиси маҳаллаи «Зардолузор».

Хуршед Фозилов, хабарнигори СССР дар водии Зарафшон

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter