Принт

Проблемаҳои Восеъ-Балҷувон-Ховалинг

Вақте дар ноҳияи Восеъ мактаби куҳнаи Садиддин Айниро мебинӣ, чи гуна ором нишаста метавонӣ? Мактабе, ки бо як овозаву воҳимаи хоса пас аз чоп шудани мақолаҳои танқидӣ сохтмонаш оғоз ёфт.

Сентябри соли 2015 лентаи мактаби ба гуфте замонавии №42-и деҳаи Имомтаърифӣ (Учқун)-и н.Восеъро буриданд. Лек ин чигуна мактаби замонавист, ки баробари ворид шудан хонандагон пойфзолашонро бароварда, вориди синфхона мешаванд? Мактабе, ки бо семблоки якқатора, яъне девори 25-смрӣ сохта шуда, ақаллан фаршашро чӯб-пол нагирифтаанд ва болои семент танҳо кавралин партофта шудааст. Дар ин мактаб хондани талаба тамоман мумкин нест. Болои ин нисфи зиёди мардуми ин деҳа гирифтори бемории туберкулёз ҳастанд. Волидайн ба хотире, ки фарзандонашон соҳибилм гарданд ин ҳамаро нодида мегиранд. Вале барои ҳар як шахс дар ҷои аввал саломати меистад! Вақте кӯдакон дардманд мегарданд, чи лозим барои онҳо дониш ва мактабу кору бор? 

Ё вақте мебинам, ки раиси н.Балҷувон ҳич парвои мардумро надораду нашрияҳои давриро варақ намезанад, парвое аз фармони 622 надорад, ҳайрон мемонам. Ҳар вақте аз роҳҳои н.Балҷувон мегузарам бовар кунед мисле, ки 1 кӯҳро пои пиёда гузаштаам. Роҳҳо кандагӣ, чуқуриву пастӣ ва садамавӣ то ҳадде, ки дар баъзе ҷо мошин дутарафа рафта наметавонад. Болои ин пули обгузарии болои дарё он қадар борик аст, ки 1 мошин ба ҳоле мегузарад ва он ҳам бо тунука сохта шудааст. Дар бораи сангоби ноҳия ҳоҷати гап нест. Солҳост, ки тирамоҳу баҳор дарёи калоне, ки аз мобайни ноҳия мегузарад, пулро шуста мебарад ва мардум дар ин 2 фасл чи азобҳоеро аз сар намегузаронанд. Гоҳо бо Камазу трактор нақлиёти худро аз об мегузаронанд ва гоҳи дигар соатҳо роҳашонро дароз карда, 2 баробар зиёд пул медиҳанд ва тавассути ш.Кулоб ба макон мерасанд. Дар зимистон бошад мошинро мусофирон бо даст тела дода, аз чуқуриҳо мебароранд. Усулан мардуми н.Ховалинг низ аз болои ин пул гузашта вориди ноҳия мешаванд. Пас раисҳои ноҳияи Восеъ, Балҷувон ва Ховалинг барои кӣ хизмат мекунанд ва барои чӣ лозиманд, дар ҳоле, ки ҳеҷ парвои мардумро надоранд? Пас аз дидани ин ҳама проблемаҳо чи гуна ором нишинам, чи гуна ин ҳамаро рӯи коғаз наёрам? Сарвинисои Давлат,

Душанбе-Балҷувон-Ховалинг-Восеъ-Душанбе

 

Матлабҳои дигар