Принт

Убайдуллоев ба ҷойи Искандаров кадр меҷӯяд!

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе барои ишғоли вазифаи директори Муассисаи давлатии коммуналии «Душанбенақлиётхадамотрасон»-и  шаҳри Душанбе  аз 15 июн то 15 июли соли 2016 озмун эълон менамояд. Қарори мазкури раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев дар ин бора 12.06.2016 ба тасвиб расидааст. Айни замон роҳбарии  МДК “Душанбенақлиётхадамотрасон”-ро  Ғаюрбек Искандаров бар дӯш дошта ҳанӯз 1 моҳ пеш ба ин мансаб таъин шуда буд.

 

Чуноне ки ба мухбири мо дар дафтари матбуоти раиси шаҳри Душанбе хабар доданд, озмун 20 июли соли 2016 ҷамъбаст гардида ба довталабоне ки донишгоҳ ва ё донишкадаҳои  хориҷи кишварро  хатм намуда, на кам  аз 5 сол таҷрибаи  кории роҳбарикунанда дар соҳаи нақлиёт дошта бошанд, афзалият дода  мешавад.

Довталаб бояд ҳатман маълумоти олии касбии таҳсили рӯзона дошта бошад.

Муҳлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳо то 15 июли  соли 2016.

Барои гирифтани маълумоти иловагӣ довталабон метавонанд ба шуъбаи кадрҳои дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе бо телефони  221-35-68  муроҷиат  намоянд.

СССР

Матлабҳои дигар