Принт

Бозорчаи «Дӯстӣ» ё «Мардон», ки хеле гарон!

Нарху навои меваю полезӣ дар бозорчаи ба ном «Дӯстӣ» ё «Мардон»рузҳои охир хеле гарон шудааст. Аз ҷумла, нархи 1 кило гелос 15 -20 сомонӣ, 1 кило зардолу 6,8, 10 сомонӣ, 1 кило олуча – 10 сомонӣ, 1 кило себ 8 – 10 сомонӣ, 1 кило анҷир 18 - 20 сомонӣ, 1 кило помидор – 6 - 8 сомонӣ, 1 кило бодиринг 5 - 6 сомонӣ, 1 бандча кабудӣ – 50 дирам, 1 кило гӯшти гов – 33 сомонӣ, 1 дона тарбуз – 8, 10, 12 сомонӣ, 1 дона харбуза – 12 – 15 сомонӣ…

 Ин бозорча, ки аслан бозорча ҳам нест, дар назди мағозаҳо ва байни 2 кӯча худ аз худ ба таври сунъӣ пайдо шудаасту ҳафта ба ҳафта шумораи савдогаронаш низ меафзояд. Чаро нафаре аз мақомоти марбута пеши чунин бозори ғайриқонуниро намегирад ва назорати нарху навои онро намебарад? Кӣ паси ин бозорчаи сунъӣ меистад ва фоидар ҳаррӯзаи онро ба даст меорад? Чаро чунин бозорчаҳо дар Душанбе мисли замбурӯғҳои паси бозор пайдо мешаванду мақомот хомӯш аст? Ҷавоби ин суолро аз кӣ ҷӯем?

СССР

 

Матлабҳои дигар