Принт

21 номгӯи маҳсулот – нархи ягона барои тамоми бозорҳои пойтахт

Шаҳрдории Душанбе дар арафаи Иди саиди Фитр пешниҳод намудааст, ки 21 номгӯи маҳсулоти хӯрокворӣ бо нархҳои тавсияшуда ба фурӯш гузошта шуда фаъолияти соҳибкороне, ки дар риояи ин иқдомоти дастаҷамъона дар рӯзҳои 4 ва 5 июли соли равон зикршуда бо хунукназарӣ муносибат менамоянд, дар бозорҳои ба мушоҳида расида қатъ хоҳад шуд. 

 

Чуноне ки ба мухбири мо дар дафтари матбуоти раиси шаҳри Душанбе хабар доданд, рӯзҳои 4-5 июли соли 2016 баҳри пурфайзу эҳсон намудани дастурхони идонаи сокинон фурӯши 21 намуди анвои маҳсулоти ниёзи аввалия  бо риояи нархҳои тавсиявии:  1 кг картошка -1 сомонию 20 дирам, карам – 80 дирам, бехпиёз - 80 дирам, сабзӣ -1 сомонию 50 дирам, помидор – 2 сомонию 50 дирам, бодиринг – 3 сомонӣ, себ-5 сомонию 40 дирам, биринҷ – 8 сомонию 50 дирам, нахӯд – 13 сомонӣ, лӯбиё- 8 сомонӣ, мош- 8 сомонӣ, равғани пахтаи доғкардашуда – 10 сомонӣ, гӯшти гов – 30 сомонӣ, гӯшти гӯсфанд – 31 сомонӣ, шакар – 6 сомонӣ, чойи сиёҳ 17 сомонӣ, чойи кабуд -18 сомонӣ, 1 литр шир- 3 сомонӣ, 10 дона тухм – 6 сомонӣ, 1 кг орди навъи якум – 3 сомонӣ ва 1 дона нони 400 грамма 1 сомонию 50 дирам дар тамоми бозорҳои коммуналию хусусии дар марзи шаҳр фаъолиятдошта ба фурӯш гузошта хоҳад шуд.

СССР

 

Матлабҳои дигар