ХАБАРИ ДОҒ

Убайдуллоев Лақаев ва Одинаевро аз кор озод кард!

  • Душанбе, Июл 11 2016

Маҳмадсаид Убайдуллоев фаъолияти директорони бозорҳои коммуналии шаҳрро дар моҳи шарифи Рамазон ва арафаи Иди саиди Фитр нокифоя арзёбӣ намуда, директори КВД “Бозори Шоҳмансур” Бахтиёр Лақаевро аз вазифа сабукдӯш кард.

Инчунин, барои роҳ додан ба камбудиҳо дар фаъолияти корӣ,  дар ҷаласа аз ҷониби Раиси шаҳр директори Муассисаи давлатии “Боғи ҳайвонти шаҳри Душанбе” Қурбон Одинаев низ аз вазифа озод  карда шуд. Дар ин бора имрӯз, 11 июли соли ҷорӣ дар ҷаласаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шахри Душанбе, ки таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев ва иштироки роҳбарони васеи сохторҳои марбутаи шаҳрӣ баргузор шуда буд, хабар дода шуд.

Чуноне ки ба мухбири СССР дар дафтари матбуоти раиси шаҳри Душанбе иттиллоъ доданд, дар ҷаласа, ҳамчунин бо дахли масъалаи роҳандозии омодагиҳои ҳамаҷониба ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2016-2017, хусусан аз ҷониби соҳибмулкон омода кардани бинову иншоот ва манзилҳои истиқоматӣ ба қабули гармӣ, Маҳмадсаид Убайдуллоев муовини соҳавии Раиси шаҳр Шакарбек Самадов ва раисони ноҳияҳоро вазифадор намуд, ки дар ин самт бо ҷалби васеи соҳибмулкон таҷдиди системаҳои мавҷудаи гармиқабулкуниро бо риояи меъёру технологияҳои амалкунанда то оғози мавсим ба анҷом расонида, дар минтақаҳои омодашуда санҷишҳои гидравликиро амалӣ намоянд.

Дар иртибот ба амалисозии нақшаҳои шаҳрдорӣ оид ба истифодадиҳии фондҳои асосӣ чӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва соҳибкорӣ ба истиқболи 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ   Маҳмадсаид Убайдуллоев таваҷҷуҳи масъулинро ба иҷрои босифати корҳои сохтмонӣ нигаронида, ҳамзамон дастур фармуд, ки нисбати дилхоҳ сохтмонҳои дар марзи шаҳр мутобиқ ба Қарорҳои марбутаи Раиси шаҳр амалишаванда оид ба аз рӯи таъинот истифодашавии қитъаҳои замини зерисохтмонӣ, сифату риояи технология ва масолеҳи сохтмонӣ, инчунин тибқи муқаррарот мавриди  истифода қарор додани иншооти омодашуда сохторҳои зидахли  давлатӣ ҳар кадоме дар доираи ваколат ва салоҳияти хизматӣ назоратро пурзӯр намоянд.

СССР 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter