Принт

Бохтар: Лихорадка 2 касро кушт!

Мақомоти н.Бохтар аз марги Фотима Қосимоваи 48-сола ва Сафархон Шарифови 17-сола хабар додаанд, ки онҳо баъди газидани канаи гов ба бемории лихорадка (таби хунин) мубтало шуда, дар бемористон ҷон додаанд.

Сафархон ҳамроҳи очааш Гулчеҳра ба бемористон интиқол ёфта, вале табибон тавонистаанд танҳо модарро наҷот диҳанд. Аз раёсати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии вил.Хатлон гуфтаанд, ки бемории хатарбори таби хунин 5 июл дар қаламрави ин ноҳия сабт шуда, талош доранд, он васеътар нашавад. Табибон лихорадкаро аз амрози махуфи сироятӣ дониста, одам ҳини гирифтор шудан ба ин беморӣ агар тӯли 3-5 рӯз зери назорат гирифта нашавад, дучори марг хоҳад шуд.

 

Матлабҳои дигар