ХАБАРИ ДОҒ

Тоҷикистон танҳо 30 ҳазору 507 нафар бекор дорад?

  • Панҷшанбе, Июл 21 2016

Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ  72645 нафар шаҳрванд муроҷиат намуданд, ки 45859 нафари онҳо ҳамчун корҷӯ ба қайд гирифта шуда, ба 30 ҳазору 507 нафар расман мақоми бекорӣ дода шудааст.

 

Бино ба иттиллои Тағойзода Сумангул Саид, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар, дар моҳҳои январ – марти соли равон дар корхонаю ташкилотҳо 14 ҳазору 978 ҷойи нави корӣ таъсис дода шудааст ва аз ин теъдоди ҷойҳои нави корӣ 11 ҳазору 818 ҷой ҷойи кори доимӣ буда боқӣ, ки 11 ҳазору 35 ҷойро ташкил медиҳад, ҷойҳои кори муваққатӣ ва мавсимӣ мебошанд.

- Ин омори расмие мебошад, ки дар зерсохторҳои мо ба қайд гирифта шудааст. Вале дар асл шумораи бекорон шояд якчанд маротиба зиёдтар бошад, чун на ҳама ба идораҳои дахлдор муроҷиат менамоянд. Мо кӯшиш дорем дар ин бахш 1 тадқиқоти калонеро дар тамоми ҳудуди мамлакат анҷом дода теъдоди воқеии бекоронро муайан намоем, аммо барои ин на танҳо вазорати мо, балки наздики 8 вазорати дигар ҳам муваззафанд ва маблағи хеле зиёд ҳам масраф хоҳад шуд. Бо назардошти вазъи иқтисодӣ, таъсири бӯҳрони молиявӣ ва кам шудани маблағҳои аз буҷаи давлатӣ ҷудо мешуда, мо наметавонем ин гуна тадқиқотро дар солҳои наздик анҷом диҳем, - гуфт вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар.

СССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter