Принт

Хайрулло Раҳимов: «Бо «Boeing» кор мекунем!

Хайрулло Раҳимов, директори генералии ҶСК «Тоҷик Эйр» мегӯяд, ки ширкат дар оянда барои харидорӣ намудани ҳавопаймоҳои нав бо ширкати «Boeing» ҳамкорӣ хоҳанд кард, зеро ин ширкат дар бозори ҳавопаймоӣ алакай худро бо устувор ва боварибахш буданаш муаррифӣ кардааст ва ширкатҳои ҳавопаймоии ҷаҳонӣ ба ин ширкат метавонанд эътимод намоянд.

 

Бино ба иттиллои Хайрулло Раҳимов, аз ҷониби ширкати «Тоҷик Эйр» дар 6 моҳи аввали соли ҷорӣ 646 парвози мунтазам анҷом ёфта 147 ҳазор мусофир интиқол дода шудааст. Аз хизматрасонии ширкат дар парвозҳои байналмиллалӣ беш аз 136 ҳазор мусофир истифода бурда парвозҳо тавассути 6 ҳавопаймо сурат мегирад. Парки ҳавопаймоии ширкат аз 35 ҳавопаймо иборат аст ва аз ин 28 ҳавопаймо дар ҳолати нигоҳдорӣ қарор доранд.

- ҶСК «Тоҷик Эйр» ягона ширкатест, ки ба ВМКБ парвоз анҷом медиҳад ва дар ин муддат бинобар зиёд гардидани талабот ҳамарӯза аз Душанбе ба Хоруғ 2 парвоз сурат мегирифт, дар рӯзҳои таҷлили ҷашни Ваҳдати Миллӣ бошад теъдоди парвозҳо ба 5 парвоз дар 1 рӯз расид, ки ин муваффақият аст, - иброз дошт директори генералии ҶСК «Тоҷик Эйр».

СССР

 

Матлабҳои дигар