ХАБАРИ ДОҒ

Кам шудани боркашонӣ тавассути роҳи оҳан

  • Чоршанбе, Июл 27 2016

КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» мегӯяд, ки дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ боркашонӣ тавассути роҳи оҳан кам гашта содироти маҳсулоти кишоварзӣ, ки 88 ҳазору 387 тоннаро ташкил дод, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 38 ҳазору 55 тонна кам аст. Воридоти маҳсулот бошад дар ин давра 1 миллиону 865 ҳазор тоннаро ташкил дода нисбат ба ҳамин давраи соли 2015 48 ҳазор тонна кам аст.

 

Бино ба иттиллои Усмон Қаландаров, муовини сардори КВД «РОТ», бо мақсади зиёд кардани ҳаҷми боркашонӣ аз тарафи корхона барои содиркунандагон ва воридкунандагони молу маҳсулот ба ҷумҳурӣ пайваста аз 20 то 50% сабукиҳо дода мешавад, аммо новобаста аз он ҳаҷми боркашонӣ кам шуда истодааст.

Барои мусофирони қатораҳои мусофиркаши хатсайри «Душанбе – Маскав – Душанбе ва «Хуҷанд – Маскав – Хуҷанд низ то 30% сабукиҳо ҳангоми харидорӣ намудани чипта дода шуда ҳамакнун дар баробари чипта ба мусофирон талон барои хӯрок ва рӯйҷо низ ҷудо мешавад.

СССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter