Принт

КВД «РОТ»: Дар ҷойи роҳи оҳан хона сохтан мумкин нест!»

Роҳбарияти КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» мегӯяд, ки роҳҳои оҳане, ки дар ҳудуди замоне корхонаҳои калони давлатӣ ва имрӯз хусусӣ то ҳол боқӣ мондаанд, бояд ҳамеша дар ҳолати омодабош нигоҳ дошта шуда муассисони хусусӣ набояд қитъаи роҳи оҳанро барои сохтмони хона истифода баранд. 

 

Чуноне ки Усмон Қаландаров, муовини сардори КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» зимни нишасти матбуотӣ рӯзи 26.07.2016 иброз дошт, айни замон дар ҷумҳурӣ 936,9 километр роҳи оҳан арзи вуҷуд дошта аз он 650,9 километр роҳҳои асосӣ, 218,8 километр роҳҳои истгоҳӣ ва 67,1 километр роҳҳои фаръӣ, яъне дар худуди корхонаҳои бузург ҷойгир шуда мебошанд. 

- Ҳудуди роҳи оҳани шаҳри Душанбе дар ҷамъ 40,7 километрро ташкил намуда роҳи оҳан бояд дар ҳолати корӣ нигоҳ дошта шавад ва касе ҳақ надорад роҳи оҳанро тахриб кунад ё дар ҷойи он манзили истиқоматӣ бунёд созад, зеро роҳи оҳан аз лиҳози стратегӣ муҳим буда метавонад ҳамеша ба кор ояд, гуфт Усмон Қаландаров.

СССР

 

Матлабҳои дигар