Принт

Ба охир расидани корҳои таҷдидӣ дар қитъаи роҳи Ш. Шоҳин - Шоҳон

Айни замон дар комплекси нақлиёти кишвар 18 лоиҳаи инвеститсионии мухталиф ба маблағи умумии 655,3 миллион доллари ИМА мавриди татбиқшавӣ қарор дошта дар арафаи ҷашни 25 солагии истиқлолияти давлатӣ лоиҳаҳои азнавсозии роҳхои автомобилгарди Кӯлоб – Қалъаихумб, қитъаи Ш. Шоҳин – Шоҳон, Восеъ – Ховалинг ва сохтмони пулҳо ва нақбҳо дар роҳи оҳани Душанбе – Хатлон, қитъаи Ваҳдат – Ёвон ба истифода дода мешаванд. Дар ин бора ба хабарнигорон Шералӣ Ганҷалзода, вазири нақлиёти кишвар рӯзи 1 августи соли ҷорӣ иттиллоъ дод.

Чуноне ки Шералӣ Ганҷалзода хабар дод, айни замон корҳои таҷдидӣ дар якчанд иншооти нақлиётии барои рушди ичтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ муҳим аз қабили азнавсозии роҳҳои автомобилгарди Душанбе – Турсунзода – аз ҳайкали Абӯали ибни Сино то дарвозаи ғарбии шаҳри Душанбе, таҷдиди роҳи автомобилгарди Хуҷанд – Исфара, бунёди терминали боркашонӣ дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе ва таҳиякунии хулосаи техники роҳи автомобилгарди Душанбе – Қӯрғонтеппа идома доранд.

СССР

 

 

Матлабҳои дигар