Принт

Бо гармӣ таъмин шудани 1285 иншооту бинои нав дар Душанбе

1285 биноҳои истиқомативу маъмурӣ ва иншоотҳои гуногуни шаҳри Душанбе дар мавсими зимистони оянда бо гармӣ ва оби гарм таъмин хоҳанд шуд. Дар ин бора ба мухбири СССР Усмон Ниёзов, сардори Маркази обу гармидиҳии шаҳри Душанбе хабар дод.

 

Бино ба иттиллои ӯ, айни замон дар худуди пойтахт 18 километр сохтмони хатҳои гармидиҳӣ идома ёфта мӯҳлати ба истифода додани онҳо 30.09.2016 муайан шудааст. Ин лоиҳа аз рӯи созишномаи ба имзорасидаи байни ширкати «Барқи тоҷик» ва ширкати чинии TBEA анҷом ёфта роҳандозии он барои фаъолияти босамари марказҳои обу гармидиҳии 1 ва 2-и пойтахт мусоидат хоҳад кард.

- Имсол боз 300 бинои иловагӣ дар худуди ноҳияи Исмоили Сомонӣ, 357 бино дар ҳудуди ноҳияи Шоҳмансур, 621 бино дар ноҳияи Сино ва 7 бино дар худуди ноҳияи Фирдавсӣ бо оби гарм ва гармӣ таъмин хоҳанд шуд, - таъкид намуд Усмон Ниёзов.

СССР

 

Матлабҳои дигар