Принт

«Барқи тоҷик» Душанбе ва Хуҷандро ба системаи биллингӣ мегузаронад

ШСХК «Барқи тоҷик» дар якҷоягӣ бо Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи барқ ба хотири паст кардани сатҳи талафоти барқ ва сарфаи он тасмим гирифтааст дар нимсолаи дуюми соли 2016 дар шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе ва Хуҷанд системаи биллингиро ҷорӣ намояд. Дар ин бора ба намояндагони воситаҳои ахбори оммаи кишвар Мирзо Исмоилзода, раиси ширкати «Барқи тоҷик» рӯзи 2 августи соли ҷорӣ иттиллоъ дод.

 

Чуноне ки Мирзо Исмоилзода гуфт, бо мақсади ба роҳ мондани ҳисоби дурустӣ нерӯи барқ, дар нимсолаи якуми соли 2016 дар маҷмӯъ 17 573 ҳисобгиракҳои барқии муштариён аз даруни ҳавлиҳо ва 32 763 адад аз даруни хонаҳои баландошёна ба ҷойи намоён бароварда шуданд.

Бояд қайд намуд, ки тобистони соли гузашта дар хонаҳои 250 сокини маҳаллаи Бофандаи шаҳри Хуҷанд ҳисобкунакҳои биллингӣ ба таври пилотӣ насб карда шуданд. Бо гузашти қариб 1 сол сокинони ин маҳалла алакай аз фаъолияти ин ҳисобкунакҳо норозӣ буда аз пайваста истодани он ва баъзан дар сурати пурра хомӯш будани қувваи барқ, кор кардани ин намуди ҳисобкунакҳо шикоят доранд.

СССР

 

Матлабҳои дигар