ХАБАРИ ДОҒ

«Бехатар инфо»-и Beeline барои ронандагон

  • Чоршанбе, Авг 03 2016

Ширкати «Таком», ки зери тамғаи Beeline дар Тоҷикистон хизматрасонии алоқаро ба муштариён пешниҳод мекунад, дар бораи роҳандозии хизмати нав бо номи «Бехатар инфо»эълон медорад. Ронандагони воситаҳои нақлиёт тавассути ин хизматрасонии нав дар бораи қоидавайронкунӣ ва ҷаримаҳои худ, ки системаи «Шаҳри бехатар» сабт кардааст, ба воситаи СМС – паёмак огоҳ хоҳанд шуд.

 

Чуноне ки ба мухбири мо дар дафтари матбуоти ширкати мобилии Beeline хабар доданд, хизматрасонии нав барои муштариёни ин ширкат пешбинӣ шуда барои дар бораи қоидавайронкунӣ ва ҷаримаҳо маълумот пайдо кардан, ронандагон бояд ба рақами «4444» бо матни рақами автомашина ва шиносномаи техникӣ СМС – паёмак ирсол намоянд. Дар ҷавоб ба абонемент СМС – паёмак бо маълумоти кӯтоҳ дар бораи қоидавайронкуниҳо, маблағи ҷарима ва ҷаримаҳои пардохтшуда омада арзиши 1 паёмак 5 сомонӣ бо назардошти ААИ аст.

СССР

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter