ХАБАРИ ДОҒ

«Сомон эйр» парвозҳои Кобул ва Лоҳурро бекор кард

  • Душанбе, Авг 15 2016


Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» парвозҳо аз рӯйи самти Душанбе-Лоҳур-Душанбе ва Душанбе-Кобул-Душанберо бекор намуд. Чуноне ки дар маркази матбуоти ширкати мазкур хабар доданд, чунин тадбир хусусияти муваққатӣ дошта, бо сабаби кам будани теъдоди мусофирон вобаста мебошад. Ширкати ҳавопаймоӣ оиди барқарор кардани парвозҳо ба Лоҳур ва ба Кобул Шуморо қаблан огоҳ хоҳад кард.

Хотиррасон мекунем, ки ширкати ҳавопаймоӣ қаблан маҷбур буд, ки миқдори парвозҳоро ба самти Душанбе-Лоҳур-Душанбе аз 2 хатсайр дар 1 ҳафта ба 1 хатсайр коҳиш диҳад. То лаҳзаҳои охирон хатсайрҳои Душанбе-Лоҳур-Душанбе рӯзҳои душанбе иҷро мегардиданд. Аммо бо сабаби камшавии теъдоди мусофирон дар ин самт, ширкати ҳавопаймоӣ маҷбур аст, ки парвозҳоро ба самти мазкур муваққатан манъ кунад.
Дар баробари бекор шудани парвозҳо ба самти шаҳрҳои Кобул ва Лоҳур, ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» дар бораи ифтитоҳи хатсайрҳои нав ба самтҳои Душанбе-Новосибирск ва Душанбе-Сочи эълон менамояд. Парвозҳо ба самтҳои мазкур ҳафтае 1 маротиба иҷро хоҳанд гашт – Новосибирск рӯзҳои чоршанбе ва Сочи рӯзҳои панҷшанбе.
Парвози нахустин ба Новосибирск ба рӯзи 31 август ба нақша гирифта шудааст. Парвоз ба самти Душанбе-Сочи-Душанбе бошад 1 сентябр амалӣ хоҳад шуд.Вақти парвоз аз Душанбе ба Новосибирск – 20-40, вақти фурудоӣ дар Новосибирск – 00-40 ба вақти маҳаллӣ. Ҳавопаймо соати 02-30 бозпас ба Душанбе парвоз карда, соати 04-40 дар Душанбе фуруд меояд. Вақти парвоз 3 соатро ташкил медиҳад.
Вақти парвоз аз Душанбе ба Сочи – 11-30, вақти фурудоӣ дар Сочи – 13-20 ба вақти маҳаллӣ. Ҳавопаймо соати 15-00 бозпас ба Душанбе парвоз карда, соати 20-40 дар Душанбе фуруд меояд. Вақти парвоз 3 соату 50 дақиқа.
Илова бар ин, ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» дар бораи барқарор кардани хатсайри Душанбе-Бишкек эълон мекунад. Сомон Эйр аз Душанбе ба пойтахти Қирғизистон ҳафтае 1 маротиба – рӯзҳои якшанбе парвоз хоҳад кард, бозпас бошад парвоз шаби душанбе иҷро мегардад.
Феълан «Сомон Эйр» парвозҳоро аз Тоҷикистон ба Олмон, АМА, Туркия, Хитой, Россия ва Қазоқистон бомуваффақият иҷро карда истодааст. Пойгоҳи ширкати ҳавопаймоӣ аз ҳавопаймоҳои Боинг 737-300, -800 ва -900 иборат мебошад.


СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter