Принт

Ифтитоҳи Маркази захиравии занон дар Панҷакент

Ин марказ дар назди Ташкилоти ҷамъиятии "Занони Шарқ" фаъолият намуда, бо кӯмаки молии Ҳукумати Ҷопон бунёд гардидааст.

 

Дар арафаи кушодашавӣ ва ба истифодадиҳии бинои нави маркази мазкур, раиси шаҳри Панҷакент Ислом Зиёзода, сафири кишвари Ҷопон дар Тоҷикистон Хадҷимэ Китаока ва фаъолони шаҳр ширкат намуданд.

Таъкид гардид, ки дар маркази захираи занон дар барорбари пешгирии хушунати занон дар оила, ҳамчунин курсҳои махсуси омӯзишӣ ва ҳунармандӣ омӯзонида мешавад. Бинои ТҶ "Занони шарқ" аз 3 қабат иборат буда, дар муддати 8 моҳ сохта ба истифода дода шудааст. Дар охири чорабинии кушодашавии бинои марказ ба сохтмончиён ва нафароне, ки дар бунёди ин бино саҳми назаррас доштанд, сипоснома супорида шуд.

СССР

 

Матлабҳои дигар