ХАБАРИ ДОҒ

Beeline бо қаллобони мобилӣ мубориза мебарад!

  • Сешанбе, Сен 27 2016

Ширкати Beeline ба мизоҷони худ таъкид менамояд, ки дар мавриди қаллобони мобилӣ бодиққат бошанд. 

Beeline хотиррасон менамояд, ки хатари ба қаллобони мобилӣ дучор шудан вуҷуд дорад. Мақсади ин шахсон ба маълумоти шахсӣ ва суратҳисоби мизоҷон роҳ ёфтан аст.   

Аз ҷониби ширкат мониторинги доимие амалӣ мегардад, ки барои саривақт пешгирӣ кардани ин гуна ҳодисаҳо имконият медиҳад. Ҳамин тавр, соли 2015  21216 рақаме, ки ба муштариёни ширкат таҳдиди хатар доштанд, аз ҷониби Beeline баста шуданд. 

Усулҳои маъмултарини қаллобӣ – зангҳо бо таклифи баргардонидани ҳуҷҷатҳои гумшуда, зангҳо оид ба ҳодисаҳои нохуш бо хешовандон ва хабарҳо дар бораи туҳфаҳои бардурӯғ. Барои ба доми қаллобон наафтидан тавсия дода мешавад, ки ба SMS-паёмакҳои шубҳанок ҷавоб надиҳед, ба рақамҳои ношинос пул нагузаронед, шартҳои хизматрасониҳоро бодиққат хонед, арзиши онҳо ва маълумотро дар бораи иқдом ва мусобиқаҳо аниқ намоед. 

Менеҷер барои таҳлил ва идоракунии хатар ва амнияти ширкати Beeline Рустам Сияров ин хабарро шарҳ дода, чунин иброз намуд: «Beeline ҳамеша фикри таъмини бехатарии мизоҷони худро мекунад ва бино бар ин низомҳои бехатарии худро бар зидди қаллобон, ки мехоҳанд ба суратҳисобҳои шахсии мизоҷони ширкат роҳ ёбанд, доим мустаҳкам мегардонад. Соли 2015 низоми автоматикунонидашуда ба роҳ монда шуд, ки он дар холате, ки эҳтимоли пайдо шудани спам-ҳамлаҳо ба вуҷуд меояд, ба таври автоматӣ огоҳӣ медиҳад. Ин низом суръати кори мутахассисонро барои ошкор ва пешгирӣ намудани чунин ҳодисаҳо хеле тез намуд».  

Мизоҷони Билайн метавонанд бо марказҳои хизматрасонии Beeline тавассути рақами 0611 тамос бигиранд ва ё ба рақами 0622 SMS ирсол намуда, маълумотро дар бораи хамаи иқдомҳо аниқ кунанд ва ё дар бораи содир шудани қаллобии мобилӣ хабар диҳанд. Маълумоти гирифташуда коркард мешавад ва дар ҳолати тасдиқ шудан, ширкат оид ба боздоштани хизматрасонии рақами қаллоб дар робита бо вайронсозии қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муқаррароти ширкат чораҳо меандешад.  

Инчунин дар сомонаи ширкат www.beeline.tj , дар фасли «Саводнокии мобилӣ» (Мобильная грамотность) тавсияҳо оид ба мубориза бар зидди қаллобӣ пешкаш шудаанд, ки донистани онҳо барои муқобилият нишон додан бар зидди амалҳои қаллобони мобилӣ кӯмак хоҳад кард. Муфассалтар дар пайванди https://beeline.tj/tj/nav/Mobile_literacy_01 .

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter