ХАБАРИ ДОҒ

Панҷакент соҳиби светофор шуд

  • Панҷшанбе, Окт 27 2016

Дар ш.Панҷакент пас аз 3 соли набудани светофор ахиран ба насби он шурӯъ намуданд. Набудани чароғак, яке аз мушкилоти асосии ронандагон дар роҳҳои автомобилгарди Панҷакент маҳсуб меёфт. Ҳанӯз зиёда аз 3 сол пеш чароғакҳо дар пайи таъмиру таҷдиди роҳи Айнӣ-Панҷакент барканда шуда буданд. Гарчанде аз ба истифода додани роҳ 1 сол сипарӣ шуда бошанд ҳам, вале то ба имрӯз чароғакҳо насб нашуда буданд. Вобаста ба мушкилоти ҷойдошта дар ҳафтаномаии СССР матлабе нашр намуда будем. Инак 2 рӯз мешавад, ки дар чорроҳаҳои ш.Панҷакент масъулин ба насби чароғакҳо оғоз намудаанд. ГАНҶИНА Муҳиддинова, як сокини ш.Панҷакент мегӯяд, акнун мушкилоти ронандагон ҳал мешавад. Пас аз чанд сол боз светофор насб карданд, ки ин иқдоми хуб аст.

Хуршед Фозилов

 

1 Паём

  • Шарҳр додан малик Ҷумъа, 28 Октябр 2016 14:35 Паём аз малик

    Бародари Азиз Хуршед Фозилов бо дастгири шумо светофори Панчакентро шинондосен лек дар шахр свет нест гуфта светофорои бо офтобиро монданд а,гар офтоб набошад светофори шумо ба хеччиз даркорне

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter