Принт

Минбаъд дар Жуковский фуруд меоем

Вазорати нақлиёти Русия ба ҷониби Тоҷикистон барои парвозҳо аз Маскав ба шаҳрҳои Душанбею Хуҷанд аз фурудгоҳи нави Жуковский иҷозат дод. Чунин мувофиқа рӯзи гузашта 7.11.2016, пас аз ҷаласаи тӯлонии намояндагони вазоратҳои нақлиёти 2 кишвар ва сохторҳои марбута ба он, ки дар Маскав баргузор гашт, расид.

Чуноне ки ба мухбири мо 1 манбаи мӯътамад аз вазорати нақлиёти ҶТ хабар дод, на танҳо ҳавопаймоҳои ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷик, балки русӣ низ минбаъд парвозҳои хешро ба Душанбеву Хуҷанд аз ин фурудгоҳи нав аз рӯи муқаррароти баробарӣ анҷом хоҳанд дод. Ба ғайр аз ин, бар асоси тавофуқҳои ҳосилшуда бо ҷониби Русия, ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон низ ҳуқуқи дар хатсайрҳои мусофираш зиёд парвоз карданро пайдо намуданд.

Бояд қайд намоем, ки фурудгоҳи нави Жуковский фаъолияти хешро аз моҳи майи соли 2016 ба тариқи густурда оғоз намуда ҷониби Русия тасмим гирифтааст аксарияти парвозҳоро ба кишварҳои ИДМ маҳз ба воситаи ин фурудгоҳ роҳандозӣ намояд. 

Матлабҳои дигар