Принт

Фурӯдгоҳи Душанбе дар як сол ба 1 миллиону 156 ҳазор мусофир хизмат расонид

ҶСК «Фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе» дар соли 2016 ба 1 миллиону 156 ҳазор нафар мусофир хизмат расонид, аз он ҷумла, ба 605 ҳазор мусофири рафта ва 551 ҳазор мусофири омада. 

Дар давраи ҳисоботӣ миқдори бору почтаи ба анбори тиҷоратии фурӯдгоҳ қабулгардида 2236 тоннаро ташкил дод, ки аз он ҷумла маҳсулоти хоҷагии қишлоқ 122 тонна. 

Чуноне ки ба СССР аз маркази матбуоти ин корхона иттиллоъ доданд, парвозҳо дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе аз ҷониби 12 ширкати ҳавопаймоӣ, аз ҷумла: - 5 ширкати ҳавопаймоии мамлакатҳои хориҷии дур (Turkish Airlines, Kam Air,  China Southern Airlines, Flydubai  Iran Aseman Airlines), 5 ширкати ҳавопаймоии мамлакатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (Сибир, Ют Эйр, Урал, Авиатрафик - Қирғизистон, Эйр Астана - Қазокистон) ва 2 ширкати миллии ҳавопаймоии Тоҷикистон «Тоҷик Эйр» ва «Сомон Эйр» амалӣ меёбанд. 

Аз фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе ҳавопаймоҳо ба 12 шаҳрҳои Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Федеролии Олмон, Ҷумҳурии Халқии Хитой, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Туркия, Ҷумҳурии Ҳиндустон, Аморати Муттаҳидаи Араб ва Ҷумҳурии Исломии Эрон парвоз мекунанд. Миқдори рейсҳои доимии ширкатҳои ҳавопаймоии мазкур дар як рӯз 12 ададро ташкил медиҳанд.

Музди меҳнати миёнаи кормандони ҶСК «Фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе» дар соли 2016  -   2779 сомониро ташкил дода, шумораи миёнаи ҳайат 1305 нафар мебошад, ки аз он 305 нафарашонро занҳо ташкил медиҳанд.

 

СССР

 

 

Матлабҳои дигар