Принт

Одинаев: худкуштагон дар қайди мо набуданд

Аҷобати кор дар он аст, ки барои мардум рафтан ба беморхонаи касалиҳои рӯҳӣ шарм ё ор шудааст - мегӯяд Зайниддин Одинаев сардухтури беморхонаи касалиҳорӣ рӯҳии шаҳри Панҷакент. Ба таъкиди ӯ, ба андешаи мардум ин беморхона гӯё танҳо барои беморони рӯҳист. Аммо ҳақиқат ин нест. Дар дигар кишварҳо аз хизматрасонии рӯҳшиносон васеъ истифода мебаранд. 

-Дар вақти мушкилӣ пеш омадан ва гирифтори ғаму дард гардидан бояд мардум ба рӯҳшиносон муроҷиат кунанд. Одамон имрӯз агар асабиву ба мушкилии равонӣ гирифтор мешаванд, дарҳол назди невропатолог мераванд. Вале ҳоло ҳам дар мо истифода аз муроҷиати рӯҳшиносон роиҷ нашудааст - иброз медорад Одинаев. Ба иттилои ӯ, он чанд нафаре, ки соли гузашта худкушӣ карда буданд, дар қайди беморхонаи мазкур набудаанд. Вале хулосаи худкушии чанде аз онҳоро мақомот ба гирифтор будани бемории рӯҳӣ рабт доданд.

Хуршед Фозилов

 

Матлабҳои дигар