ХАБАРИ ДОҒ

2991 нафар навхонадорон дар соли гузашта аз ташхиси ҳатмӣ гузаштаанд - мегӯяд Абдусамеъ Ортиқов сардухтури маркази саломатии шаҳри Панҷакент.

Ба иттилои ҷаноби Ортиқов, ташхис барои навхонадорон, тибқи қарори вазорати Тандурустӣ ҳатмӣ ва ройгон буда, бояд ҳама навхонадорон пеш аз издивоҷ аз ташхис гузаранд. Аммо як мушкилӣ ҷой дорад, ки то ҳол падару модарони ҷавонон ва котибони ҷамоати деҳот ва кормандони САҲШ ба ҷавонон намефаҳмонанд, бояд зуддат аз ташхис гузаранд. Агар барои мисол рӯзи шанбе тӯй дошта бошанд, арӯсу домодшавандагон чанд руз пеш ба мо муроҷиат мекунанд. Онҳо намедонанд, ки барои гирифтани ҷавоби  баъзе ташхисҳо бояд чанд рӯз интизор шуд. Ин амали онҳо боис мегардад, ки тӯяшон ба дигар рӯз гузошта шавад - мегӯянд масъулони соҳа.

Аз рӯи қонунҳои САҲШ навхонадоршавандаҳо бояд ҳадди ақал 1 моҳ пештар бояд ба ин мақомот ариза диҳанд. Дар ҳамин ҳол бояд ҷавонон аз ташхис ҳам ҳарчи зудтар гузаранд.

Хуршед Фозилов

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter