ХАБАРИ ДОҒ

Ҳомии ҳуқуқи мусофирон кист?

  • Панҷшанбе, Фев 08 2018

ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб» дар ихтиёри худ танҳо 1 майдони нишасти тайёра ва бинои умумии хизмативу мусофирнигаҳдорӣ дорад ва танҳо ба ана ҳамин 2 объект ҷавобгӯ ҳасту бас.

Ҳамин буд ҷавоби Алӣ Комилов-роҳбари ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб» ба саволҳои рӯзноманигорон дар нишасти матбуотӣ. Ба саволи журналистон дар мавриди он, ки ҳолатҳое ҳастанд, тайёраҳо дар вақти муайяншудаи чиптаи ҳавопаймоӣ ба фурудгоҳ намерасанд ва мусофирон муддати 10-ҳо соат, ҳатто шабонарӯз интизори тайёра саргардон мемонанд ва касе аз ҳоли эшон на пурсон мешавад ва на ҷуброни зарари моддиву маънавӣ мекунад, ҳатто узрхоҳӣ ҳам на! Чаро ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб» дар ин ҳолат аз мусофирон пуштибонӣ намекунад? Комилов ончунон ошуфтаву хотирмалол шуд, ки гӯӣ барои ҳарб омода шудааст. Ӯ гуфт, «ин гуна саволҳо ба мо тааллуқ надоранд. Вазифаи мо қабули тайёра, баровардан ё худ хизматрасонӣ ба мусофирони даруни он, ба воситаи автобус то баромадгоҳ овардан асту бас. Дигар тайёра дер омад, барвақт омад ё намеояд, санҷишу тафтиши моли мусофир, таҳқиру таҳдиди он аз ҷониби мақомоти дар фурудгоҳ фаолиятдошта ба мисли гумруку, марзбонон ва милисаву амният ба мо дахл надорад. Дар зали умумӣ китоби арзу шикоят мавҷуд аст, мусофирон метавонанд дар мавриди ҳар зӯроварӣ ва ё дигар муносибати нохуб дар ин китоб нависанд ва ҳуқуқшиноси ҶСК онро омӯхта ба мақомоти дахлдор пешниҳод хоҳад кард».
Мавсуф мегуфт, «ягон мақомоти дар фурудгоҳ фаолиятдошта ба маъмурият ва роҳбари фурӯдгоҳ ягон намуди ҳисобот ё маълумот намедиҳад. Аз ин хотир, ҳар арзу шикоят нисбати кормандони ин мақомот на ба маъмурияти ҶСК, балки ба роҳбарони онҳо бояд пешниҳод шаванд». Ин дар ҳолест, ки ҳар мақомоту идораи дар назди фурудгоҳ фаолиятдошта, ҳатман ва низ тибқи қонунгузор, бояд бо корхонаи соҳибмулк шартномаи корӣ анҷом дода бошад. Яъне, маъмурияти фурудгоҳ барои гуселу қабул ва дар ҳамин бастагӣ, пуштибонӣ аз манфиату ҳуқуқи мусофирон масъулиятдор аст ва дар ҳар маврид бояд аз эшон пуштибон бошад. Вале бо баҳонаи беасос роҳбарияти ҶСК аз ин масъулият даст кашидан мехоҳад. Посухи Комилов дар ҳолест, ки дар зиёд маврид мусофирон аз хизматрасонӣ дар ин фурудгоҳ ва муносибати нохуби кормандони мақомоти ҳуқуқияш изҳори норозигӣ мекунанд. Ба гуфтаи эшон, воқеан ҳам чиптаи арзонтарин барои ҳамин Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб будааст, вале бо иллатҳои мазкур аксари мусофирон кӯшиш мекунанд, то ба ин фурудгоҳ нарасанд. Ба ақидаи онҳо, касе ин ҷо ба доди мусофир намерасад. Дар ҳамин ҳол, ҳуқуқшиноси ҶСК гуфт, ки давоми соли гузашта танҳо 2 ҳодисаи муроҷиати мусофирон ба қайд гирифта шудааст, вале бо чӣ айбу бо кадом сабаб, ҳуқуқшинос маълумот додан нахост. Ба андешаи ӯ, «ин сирри ниҳонӣ будааст» ва шикояти мусофирон исботи худро наёфтааст.
Сирри дигари ҶСК ин музди меҳнати паст ва болотарини кормандон будааст. Тибқи иттилои Комилов, музди миёнаи маош дар соли гузашта 1390 сомониро ташкил додааст, аммо маоши пасттарин ва баландтарин чӣ миқдор буд, ҷавоб додан нахост. Дар фурудгоҳ бошад ба мо гуфтанд, ки посбонҳои ин даргоҳ ҳамагӣ 500 сомонӣ маош мегиранд. Ин дар ҳолест, ки даромади фурудгоҳ дар соли равон 32 млну 400.000 сомонӣ будааст. Ва ахиран Комилов бо ҳавобаландӣ гуфт, ки «соли сипаришуда ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб» барои 105.944 мусофир дар 381 хатсайр хизмат расонидааст». Вале агар ба шаҳодати худи ин ҷаноб бовар кунем, ин хизматрасонӣ танҳо ба воситаи автобус аз траппи тайёра то баромадгоҳ ва баръакс будааст. Саволи матраҳ ин ҷост, ки ҳуқуқи мусофирон (ба мисоли дер, ё наомадани тайёра)-ро дар ин фурудгоҳ кӣ ҳимоят мекарда бошад?

Аслиддин Достиев,
СССР, Кӯлоб

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter