Принт

19 март – Рӯзи мизоҷ дар Beeline

Ширкати «Таком», ки алоқаи мобилии Beeline-ро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд, рӯзи 19 мартро Рӯзи мизоҷ эълон намуда аз тамоми истифодабарандагони телефонҳои мобилӣ даъват дорад пагоҳ меҳмони нуқтаҳои хизматрасонии ин ширкат гашта бо роҳбарияти ширкат аз наздик ошно шаванд ва сӯҳбат намоянд.

Зеро пагоҳ, нахустин маротиба Рӯзи мизоҷ таҷлил гашта маъмурияти ширкат сар карда аз директории генералӣ ба ҷои кормандон нишаста ба мизоҷони ширкат хизмат хоҳанд кард.

Константин Колесов, мудири кули ширкати Beeline дар Тоҷикистон мегӯяд, ки бо ин роҳ мо мехоҳем ба мизоҷонамон арзи ташаккур намоем ва дар бораи мушкилоти алоқаи мобилӣ арзу шикояташонро шунавем. Инчунин, мехоҳем фарорасии Наврӯзи хуҷастапайро ба мизоҷони худ табрик намоем ва ин корро бевосита анҷом хоҳем дод.

Ҳамчунин, бояд қайд намуд, ки сар карда аз 20 марти соли 2016 нархи 1 смс-паёмак дар дохили ин шабака аз Тоҷикистон ба Русия 1 дирамро ташкил карда смс-паёмаки баръкс бошад аз 10 тини русӣ иборат хоҳад шуд. То ин дам бошад нархи 1 смс-паёмак 25 дирамро ташкил менамуд. Ин пешниҳоди бемисл на танҳо дар рӯзҳои идона, балки минбаъд низ идома карда имкони хубест барои муошират бо наздикон.

СССР

 

 

Матлабҳои дигар