ХАБАРИ ДОҒ

Дубора фаъол шудани фурудгоҳи шаҳри Бохтар

  • Панҷшанбе, Апр 12 2018


Парвози ҳавопаймоҳо аз фурудгоҳи байналмилалии ш.Бохтар пас аз танаффуси 10 моҳа аз сари нав шурӯъ гардид.
Масъулони фурудгоҳи мазкур ба мо иттилоъ доданд, ки аллакай 1 ва 3 апрел парвозҳо аз фурудгоҳи Жуковскийи ш.Маскав ба фурудгоҳи Бохтар ва ҳамин гуна аз маркази в.Хатлон ба самти Россия амалӣ  карда шуд. Парвозҳо байни пойтахти Россия ва шаҳри Бохтар аз тарафи ширкати «Икар»-и Федератсияи Россия дар 1 ҳафта 4 маротиба ба назар гирифта шудаанд. Ба иттилои масъулони фурудгоҳ, беш аз 100 корманд, ки ба рухсатии бемузд фиристода шуда буданд, аввали моҳи март дубора ба кор даъват гардиданд. Фурудгоҳи ш.Бохтар наздик ба 200 корманд дорад.

Баҳодур Уроқов, СССР, вилояти Хатлон

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter