Принт

Нақшаи аскарӣ 115% иҷро шуд


Дар 3 рӯз иҷро шудани нақшаи даъвати ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ дар н.Носири Хусрави вилояти Хатлон бисёр ноҳияҳоро ба андеша андохт, ки даъвати баҳорӣ ба як навъ мусобиқа табдил ёфтааст. Ин дар ҳолест, ки баъзе навоҳии дигар аз аввал то охири мавсим бо вуҷуди талошҳои зиёд наметавонанд ин нақшаро амалӣ кунанд. Муовини раиси ноҳия Саидзода Бозоргул дар сӯҳбат бо СССР ин хабарро тасдиқ карда гуфт, ки «аз рӯзи аввал ҷавонони ноҳия ихтиёран омада аз муоинаи тиббӣ гузаштанд ва ҳоло бошад 115% нақшаро иҷро кардаем. Мо кӯшиш мекунем, ки эстафетаро ба дигар ноҳияҳо надиҳем.
Дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон барои пур кардани нақшаи сафарбаркунӣ ба артиш раисони ҳукуматҳо ба ҷавонони синни сарбозӣ ваъдаҳои “тилоӣ” медиҳанд ва мегӯянд, агар онҳо ихтиёран барои сарбоз шудан ариза нависанд, соҳиби қитъаи замин барои манзили зист мешаванд ва харҷи маъракаи арӯсияшонро мақомот бар зимма мегиранд. Ҳатто духтарон омода буданд, ки ба хидмати ҳарбӣ сафарбар шаванд, ки  то ҷавонон  номус кунанд.

Баҳодур Уроқов СССР вилояти Хатлон

Матлабҳои дигар