ХАБАРИ ДОҒ


 Ҳамасола ҳафтаи 3-юми моҳи апрел дар ш.Душанбе Рӯзи пойтахт таҷлил карда мешавад. Имсол низ ин рӯз ба 21.04.2018 рост омада, шаҳрдории Душанбе бахшида ба ин ҷашн 1 қатор чорабиниҳои фарҳангиву варзишӣ ва оммавӣ пешбинӣ кардааст.
Чуноне ки ба мухбири мо аз дафтари матбуоти раиси ш.Душанбе хабар доданд, 21 апрел  дар тамоми боғҳои фарҳангию фароғатии пойтахт-боғҳои ба номи Садриддин Айнӣ, Александр Мироненко, «Дӯстии халқҳо» ва  Майдони  «800-солагии Москва» сайругашти оммавии сокинону меҳмонони Душанбе, инчунин намоиш-фурӯши ҳунарҳои мардумӣ, маҳсулоти қаннодию кулчагӣ ташкил карда шуда, мутрибон ва овозхонҳои дастаҳои ҳунарии пойтахт бо шеъру тарона барои сокинони пойтахт ва меҳмонони он базми бошукӯҳи идона барпо менамоянд.
Инчунин, дар Рӯзи пойтахт дар саҳни майдони «Кохи Наврӯз» дӯстдорони мошинҳои қадимаро намоиши намунаҳои гуногуни мошинҳое, ки санаи  бароришашон  ба  қарни 20 рост меояд-«Авторетро -2018» интизор аст.
Роҳбарияти Мақомоти иҷрояи ҳокимияти  давлатии ш.Душанбе  тасмим гирифтааст, ки ба ифтихори  Рӯзи пойтахт-21 апрел Ниммарафони байналмилалӣ баргузор намояд. Интизор меравад, ки дар он намояндагон -варзишгарони беш аз 20 давлати ҷаҳон ширкат варзанд.
Ҳамчунин дар ин рӯз соати 14:00 дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ» пойгаи аспдавонӣ баргузор карда мешавад.
Шоми 21 апрел бошад дар Муассисаи фарҳангию фароғатии «Аҳорун» (Амфитеатр)  барномаи фарҳангӣ бо иштироки роҳбарияти пойтахт ва сокинон баргузор гардида, дар он ғолибони мусобиқоти идона ва озмунҳои шаҳрӣ бо мукофоту тӯҳфаҳои  хотиравӣ сарфароз мегарданд.

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter