Принт

3 пул вайрону роҳҳо хароб ва ҳосил осеб дид-пайомадҳои селу жола дар Исфара


   Боридани борони шадиду жола ва омадани сел шаби 14 ба 15.06.2018 боиси вайрон шудани 3 пул, харобшавии роҳҳо ва осеб дидани боғу заминҳои кишт дар ш.Исфара гашт. Сел дар ҷамоатҳои Лаккон, Навгилем, Кӯлканд, Чилгазӣ ва деҳаҳои Хонаобод ва маҳаллаҳои навбунёди 13, 14 ва Сомониён ва худи ш. Исфара осеб расонидааст. Сел канори роҳҳоро тахриб карда, полези помидор ва ҳосили зардолузоро низ нобуд кардааст.
   Бино ба итиллои раиси ш.Исфара Сиҷоуддин Саломзода ба мухбири СССР, дар ин робита аз ҷониби МИҲД-и ш.Исфара комиссияи махсус ташкил карда шуда, масъулин тамоми деҳаву маҳалҳои офатзадаро аз назар гузаронида, ҳисороти расидаро баррасӣ менамоянд.

Матлабҳои дигар