Рустами Эмомалӣ, раиси ш.Душанбе дар арафаи таҷлили ҷашни 27-умин солгарди истиқлолияти давлатии ҶТ ба иштирокчиёну маъюбони Ҷанги дуюми ҷаҳонии солҳои 1941-1945, шахсони ба онҳо баробаркардашуда ва кормандони раёсатҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияҳои пойтахт, ки дар ободонии шаҳр саҳми арзанда мегузоранд, кӯмаки моддӣ ҷудо намуд.
Тибқи қарори мазкур Сарраёсати молияи ш.Душанбе аз ҳисоби маблағҳои барои иҷрои вазифаҳои пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда ба бахши муҳосиботи дастгоҳи раиси ш.Душанбе маблағи 4 миллиону 895 ҳазору 300 сомонӣ ҷиҳати расонидани кумаки моддӣ, аз ҷумла, 245 ҳазору 300 сомонӣ ба иштирокчиёну маъюбони Ҷанги дуюми ҷаҳонии солҳои 1941-1945, шахсони ба онҳо баробаркардашуда ва маблағи 4 миллиону 650 ҳазор сомонӣ ба кормандони раёсатҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияҳои ш. Душанбе ҷудо менамояд.