ХАБАРИ ДОҒ

$10.000 аз Кабирӣ барои қатли сайёҳон?

  • Панҷшанбе, Сен 20 2018

Шоми 4.09.2018 дар ТВ Тоҷикистон филми 36-дақиқагии ВКД бо номи "Гирдоб” ва дар он бори аввал акси Қорӣ Носир, баёноти Ҳусейн Абдусамадов-роҳбари ҳамлагарон ва пулгирии Кароматулло Ғаниев аз бонки Эсхата дар ш.Норак қабл аз ҳамлаи рӯзи 29.07.2018 ба сайёҳони хориҷӣ дар н.Данғара намоиш дода шуд. Ба иддаои муттаҳамони ин террор пулҳо барои анҷоми ҳамла ба зидди сайёҳони хориҷӣ истифода шудааст.

Ҳусейни сарбуррида не, сарбур!!!
Ҳусейн аз 5 ҳамлагари Данғара танҳо нафарест, ки зинда дастгир шуд. Ӯро роҳбари гуруҳи террористӣ меноманд. Дар ТВ ҳамчунин корду табаре, ки бо он ҳамла сурат гирифтааст, нишон дода шуд. Мавсуф гуфт, ки ин ҳамларо бо супориши Қорӣ Носир (Носирхӯҷа Убайдов) ташкил кардааст. Мақомоти Тоҷикистон Қориро узви ТЭТ ҲНИТ меноманд, ки дар пушти ҳамлаи мазкур меистад. Абдусамадов с.2010 дар Тоҷикистон бо ҷурми қаллобӣ ва с.2014 дар Русия бо ҷурми роҳзанӣ суд шудааст. Ӯ дар ин филм мегӯяд, бо сокини Норак Аслиддин Юсупов, ки дар пайи ҳамлаи Данғара кушта шуд, дар Русия шинос шуда, ҳар 2 он ҷо пеши Қорӣ Носир дарс мегирифтанд. Ба қавли Ҳусейн, баъди пахш кардани сайёҳон дар Данғара ба онҳо бо корду табар ҳамла карда, 4 нафарро куштаанд. Ӯ мегӯяд, ки Муҳиддин Кабирӣ-раиси ТЭТ ҲНИТ барои анҷоми ин ҳамла ба онҳо 10.000 доллар ваъда карда буд ва ин пулро мебоист баъди расидан ба Афғонистон аз Амиршо ном нафаре мегирифтанд. Дар ин филм Бахтиёр Абдусамадов, бародари калонии Ҳусейн, ки чанд сол боз дар зиндон аст, мегӯяд, ӯ барои ТЭТ ҲНИТ кор мекард. Ин дар ҳолест, ки Бахтиёр бо ҷурми узвият дар Ҳаракати исломии Туркистон зиндонӣ шудааст.

Сокини Фархорро меҷӯянд!
Парвандаи Носирхӯҷа Убайдови 45-сола, сокини н.Фархорро барои ҷустуҷӯ ба пулиси байналмилалии “Интерпол” супурдаанд. Убайдов бар асоси моддаи 187-и Кодекси ҷиноӣ-“Ташкили иттиҳоди ҷиноӣ” ва 179-и Кодекси ҷиноӣ-“Терроризм” ҷустуҷӯ мешавад. Мақомот ин нафарро тарроҳи аслии ҳамла ба туристони хориҷӣ дар рӯзи 29.07.2018 дар ҳудуди н.Данғара медонанд, ки ба иддаои онҳо дар минтақаи Хоши Эрон қарор дорад.
Ҳамзамон Мансур Умаров-муовини аввали раиси КДАМ хабар дод, ки тафтиши парвандаи куштори сайёҳони хориҷӣ дар н.Данғара анҷом ёфтааст ва рӯзҳои наздик парванда ба додгоҳ фиристода мешавад. Ба гуфтаи ӯ, барои ин ҳамлаи хунини рӯзи 29 июл 5 нафар ба суд мераванд ва 1 тани дигар таҳти ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор дорад. Умаров роҷеъ ба ҳамкорӣ бо армикоиён дар пажӯҳиши ин қазия гуфт: "Амрикоиҳо барои тафтиши ин ҷиноят изҳори кумак карданд, вале аз Амрико касе наомад. Кумаки онҳо лозим ҳам набуд, чунки мо ин ҳамлаи террористиро дар гармогармиаш ошкор кардем.”

Аз зиндаҳо ҳам зиндатар
Хотиррасон мекунем, ки 29.07.2018, соати тахминан 15:30 ҳамлагарон бо 1 мошини рангаш сиёҳи "Дэу Леганзе” дар роҳи Кӯлоб-Душанбе дар рӯбарӯи деҳаи Сафобахш (собиқ Ёхсу)-и н.Данғара гуруҳи сайёҳони велосипедсаворро, ки ба самти Душанбе ҳаракат доштанд, пахш карданд. Сипас ҳамлагарон аз мошин фаромада, бо корд ба сайёҳон ҳамла карданд. Дар натиҷаи ҳамла 4 сайёҳ-шаҳрвандони Амрико Ҷей Остин ва Лорен Гиогиген, шаҳрванди Ҳолланд Воке Рен Виллем ва Маркус Ҳамел аз Швейтсария кушта шуда, 2 тани дигар-Ким Айрис шаҳрванди Голландия ва Дименд Мари Клер-шаҳрванди Швейтсария захмӣ шуданд. Аз ин террори гӯшношунид ва бесобиқа чанд моҳ гузашта бошад ҳам, то имрӯз мусофирони ин самт сари гӯри онҳо, ки лавҳа ва ёдгорӣ гузошта шудааст, ист фармуда, дар ҳаққи ишон дуои нек мекунанд, ки аз меҳмоннавозиву меҳмонпарастии миллати шарафанди Тоҷик гувоҳӣ медиҳад. Мо Метавонем!

Фаврӣ ва зудамал
Воқеан ҳам мақомотит дахлдор дар кашфу таҳқиқи ин қазия аз касбӣ будани худ гувоҳӣ доданд. Мақомоти Тоҷикистон аллакай шоми 30 июл эълон карданд, ки аз 5 ҳамлагар 4 нафараш-бародарон Аслиддин ва Ҷаъфариддин Юсуповҳо аз ш.Норак, Зафарҷон Сафаров ва Асомуддин Маҷидов аз деҳаи Селгаи н.Панҷро дар ҷараёни амалиёт дар ҳудуди н.Данғара кушта, танҳо роҳбари онҳо Ҳусейн Абдусамадов (Нахӯдов), сокини 33-солаи ш.Душанберо зинда дастгир кардаанд.
Феълан мақомоти пешини ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон бар ин назаранд, ки ҳодисаи ҳамла ба сайёҳони хориҷӣ дар Данғара дарсест, ки барои омӯхтани шеваҳои нави фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ кӯмак мекунад. Ин ҳодиса воқеиятеро нишон дод, ки мубориза бо тундравон бе кӯмаки мардуми маҳаллӣ муассир нест.

Генералҳо чӣ мегӯянд?
Генерал Саиданвар Камолов, раиси собиқи КДАМ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтааст, дар ин ҳодиса сокинон бо мақомот ҳамкорӣ накарданд ва ин гурӯҳ чун “гурге дар либоси гӯсфанд” дар миёни ҷомеа ҳузур дошт. Ба гуфти генерал, роҳҳои нави шинохти нафаре, ки зеҳнаш олуда ба ақидаҳои террористӣ шудааст, бояд кашф шавад, зеро тавре ҳодисаи ҳамла ба сайёҳон нишон дод, ин ҷавонҳо дар зоҳир аз ҳамсолони дигари худ ҳеҷ тафовут надоранд. Ба қавли Камолов бе кӯмаки сокинон ошкор кардани ин афрод барои мақомот душвор мешавад: “Тундрав шудани як нафарро пеш аз ҳама атрофиён эҳсос мекунанд. Ҳатто агар риш надорад, рафтору гуфтораш дигар мешавад. Гап дар шакл нест, гап дар мазмун аст. Аз ин рӯ, боз ҳам бо ҷомеа бояд кор бурд. Чун чизе аз назари мардум пинҳон намемонад. Онҳо ҳатто пеш аз мақомот дигаргун шудани 1 нафарро эҳсос мекунанд… Дар Сурияву Ироқ аъзои гурӯҳҳои ифротӣ аз ҳисоби шаҳрвандони Тоҷикистон зиёд боқӣ намондааст. Баъзеҳо пушаймон шуда баргаштанд, бисёриҳояшон кушта шуданд. Таҳдиди аслӣ ҳанӯз аз сӯи Афғонистон аст. Аз рӯи ахборе, ки дорем, дар Афғонистон бархе гурӯҳҳо аз ҷониби кишварҳо пуштибонӣ мешаванд. Агар ҳар давлат ҳар гурӯҳи ифротиро тарафи худ кашад, бисёр вазнин мешавад. 1 кишвар Толибонро истифода мекунад, дигар кишвар аз гурӯҳи дигари ифротӣ пуштибонӣ мекунад. Ин гурӯҳҳо мустақиман дар террор даст доранд. Хоҳем ё нахоҳем, инҳо таҳдид ҳастанд”.
Генерал Нуралишоҳ Назаров гуфтааст, талоши аввал бояд ин бошад, ки шаҳрвандони кишвар ба гурӯҳҳои ифротӣ ҳамроҳ нашаванд. Ӯ ҳодисаи Данғараро нанговар номида гуфт, шахсияти ин ҷавонон ва ангезаи ҳамлаи ноҷавонмардонаи онҳо ба ҷаҳонгардҳо бояд омӯхта шавад: “Аъзои ин гурӯҳ киҳо буданд, ки аз зери назорат дур монданд? Ҷои кор мумкин надоштанд, шароити дурусти зиндагӣ мумкин надоштанд. Аксаран, сокинони осебпазир аз нигоҳи иҷтимоӣ ба ин гурӯҳҳо ҳамроҳ мешаванд. Пеши роҳи ин ҳодисаро гирифтан мумкин буд, фақат тариқи корҳои оперативӣ. Ҳарчанд, пешгирӣ кардани терроризм аз ҳама кори мушкил аст, лекин кор кардан лозим аст. Ин як дарс аст. Мақомот ҳам бояд шеваи корашонро дигар кунанд”.
Ба гуфти Назаров, дар замони ҷанги шаҳрвандӣ соле то 60 ҳамлаи террористӣ рух медод, вале онҳо комилан аз ҳамлаи террористии имрӯза фарқ доштанд.

Дар ҳамин маврид
Бародари Алии Бедакӣ озод шуд
Ҳусниддин Давлатов-бародари Аловуддин Давлатов (Алии Бедакӣ) ва вакили собиқи маҷлиси н.Рашт баъди адои ҳукмаш аз зиндони маҳаллаи "Якум Советский” озод шудааст. Ҳусниддин сентябри с.2010, баъди “Амалиёти Камароб” боздошт ва бо ҷурми таъмини гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ бо маводи тарканда ва либоси низомӣ ба 11,5 соли зиндон маҳкум шуда буд. Бародари ӯ Алии Бедакӣ дар авоили с.2011 дар ҷараёни амалиёти саркӯби ошӯб дар водии Рашт кушта гардид. Ҳусниддин Давлатов дар соли 2011 ба 11,5 соли зиндон маҳкум шуда буд, вале ӯ ду маротиба мавриди афв қарор гирифта, ба ин далел, ҳукмаш коҳиш дода шудааст. Ҳусниддин, ки аз номи ТЭТ ҲНИТ вакили маҷлиси н.Рашт буд.
Аловуддин ва Абдулло Раҳимов (Мулло Абдулло), дар тирамоҳи с.2010 дар водии Рашт гуруҳи мусаллаҳеро созмон дода, ошӯби мусаллаҳона бардоштанд. Сентябри с.2010 дар дараи Камароб ба сарбозони артиши Тоҷикистон ҳамлаи ғафлатгире анҷом шуд, ки дар он 26 сарбоз ба ҳалокат расид ва мақомот масъулияти куштори онҳоро ба дӯши гуруҳи Алии Бедакӣ ва Мулло Абдулло бор карданд. Амалиёти таъқиби ин гуруҳ дар водии Рашт то апрели с.2011 қариб 8 моҳ давом кард ва бо куштани Мулло Абдулло дар пинҳонгоҳаш дар марзи ноҳияҳои Рашту Нуробод ба анҷом расид.

Авфи 183 зиндонии сиёсӣ
Дар ҳамин шабу рӯз роҷеъ ба қазияи афви ҳудудан 200 зиндонӣ баҳсҳо гарманд, ки ҳамчун маҳбуси сиёсӣ ном бурда мешаванд. “Ахбор.сом” яке аз пурхонандатарин сайтҳои интернетии навтаъсис 2 ҳафта пеш навишта буд, ки бояд 183 маҳбуси сиёсӣ озод шавад. Ҳамин иддаъоро Сайфулло Сафаров-раҳбари намояндагии Тоҷикистон дар дидори Варшавагии САҲА ироа кардааст. “Ахбор.сом” менависад: Сайфулло Сафаров дар посух ба суоли ҷониби оппозитсия гуфт, ба наздикӣ 183 маҳбусеро, ки бо парвандаҳои сиёсӣ зиндонӣ шудаанд, аз зиндон озод мекунанд. "Дар байни онҳо Маҳмадалӣ Ҳаит, Саидумар Ҳусайнӣ, Зайд Саидов ҳам ҳастанд,” – гуфт оқои Сафаров...

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter