Принт

Тантанаи иди Меҳргон дар Хатлон


 Дар гулгашти «70 солагии водии Вахш»-дар маркази вилояти Хатлон, шаҳри Бохтар, яке аз ҷашнҳои қадимаи мардуми тоҷик- иди Меҳргон бо шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил гардид. Дар таҷлили ҷашни Меҳргон раиси вилояти Хатлон Гулмаҳмадзода Давлатшо Қурбоналӣ, муовинони раиси вилоят, раиси шаҳри Бохтар Абдуалим Исмоилзода, намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, Вазири кишоварзии ҷумҳурӣ Иззатулло Сатторӣ, меҳмонон ва сокинони шаҳри Бохтар иштирок доштанд.
Раиси вилояти Хатлон ва дигар намояндагон аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ ва дастранҷи деҳқонону боғдорони шаҳру навоҳии вилоят дидан карданд. Сипас, раиси вилоят ҳозирин ва дар симои онҳо тамоми мардуми вилоятро бо ин ҷашни пуршукуҳ, ки воқеан ҳам дар солҳои соҳибистиқлолӣ дигарбора эҳё ва умумихалқӣ шудааст, табрик намуд ва гуфт, ки кишоварзони вилоят пурмаҳсул меҳнат карда ба натиҷаҳои назаррас ноил гардида бозорҳои ноҳия, вилоят ва ҷумҳуриро ба маҳсулоти тару тоза ва босифат таъмин мекунанд. Ҷашни Меҳргон як навъ ҷамъбасти меҳнату заҳмати марди деҳқон аст. Бояд гуфт, озмуни вилоятии «Иди асал», «Иди харбуза» ва «Оши палав» хеле шавқовару пурмазмун гузашт. Ҳайати ҳакамон ба асалпарварони н.Данғара ҷои аввалро муносиб донистанд. Асалпарварони ноҳияҳои Мӯъминобод ва Ховалинг мутаносибан ҷойҳои дуюм ва сеюмро ишғол карданд. Кишоварзони вилоят ба озмуни «Иди харбуза» беҳтарин навъҳои харбузаҳои маҳаллиро пешкаш намуданд. Баъди таҳлилу баррасиҳо маълум шуд, ки полезкорони н.Ҷайҳун ба ҷашни Меҳргон бо тайёрии пухта омада, сазовори ҷои аввал дониста шуданд. Намояндаҳои ноҳияҳои Вахшу Панҷ ҷойҳои дуюму сеюмро бо ҳам диданд. Дар озмуни «Оши палов» ошпази н.Ёвон ҷои аввалро гирифт. Ҷойҳои дуюму сеюмро ошпазҳои ноҳияҳои Кӯшониёну Ҳамадонӣ ишғол карданд. Ба ғолибони озмун дар вазъияти тантанавӣ мукофотпулиҳои таъсиснамудаи ҳукумати вилоят супурда шуд. Ҳамчунин барои ширкати фаъолона дар ҷашнвора мақомотҳои ҳокимияти маҳаллии давлатии 14 шаҳру ноҳия бо сипосномаи раиси вилоят қадр карда шуданд. Хотири ҷамъомадагонро санъаткорони шуъбаҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳои вилоят бо рақсу сурудҳои дилошӯб шод гардонданд.

СССР вилояти Хатлон

Матлабҳои дигар