ХАБАРИ ДОҒ

Ҷазои танфурӯшӣ вазнин мешавад

  • Сешанбе, Апр 05 2016

Шуморе аз занони танфурӯш дар ш.Қурғонтеппа мегӯянд, бо сахттар шудани ҷазо барои танфурӯшӣ аз пешаашон даст нахоҳанд кашид. Чунки ба гуфтаи онҳо танфурӯшӣ ягон роҳи пайдо кардани ризқи худу кӯдакони хурдсолашон аст.

Суҳбате доштам бо як Фарзона исми мустаори яке аз занони танфурӯш дар мар марказаи вилояти Хатлон аст,ки ҳамаги 22 сол дорад, вале баъди ду издивоҷ бахташ омад накард ва ду писараки сесолаашро тани танҳо бузург мекунад. Ӯ мегӯяд, аз ворид шудани тағйирот ба қонун ва сахтар шудани ҷазо барои танфурӯшӣ хеле барвақтар замони таҳия шудани лоиҳаи тағирот огоҳ шуда буд, аммо аз ин кораш ҳоло даст кашида наметавонад, чунки барои таъмини рӯзгори ду тифли хурдсолу худаш кори дигаре надорад. Аммо сокинони шаҳр хело шодем,ки баъди иваз кардани сардори ШВКД-и шаҳри Қурғонтеппа Раҷабзода Нурали фоҳишаҳое,ки дар бозори марказии «Фаровон» бе ниҳоят бисёр буданд,лекин ҳозир хушбахтона нестанд,Офарин гуфтанд сокинони шаҳр.

Дар сӯҳбат Раҷабзода афзуд,ки бинобар тағиротҳои нав дар Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ акнун дар Тоҷикистон ба ҳар танфурӯше, ки бо вуҷуди як бор ҷарима шудан ба фоҳишагӣ идома медиҳад, аз 10 то 15 рӯзи зиндон таҳдид мекунад. Парлумони Тоҷикистон рӯзи 15-уми октябр бо қабули тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронии маъмурӣ ҷазо барои танфурӯширо шаддидтар кард ва ҳамчунин маблағи ҷаримаро барои ин қонуншиканӣ ду баробар боло бурд.Бар пояи ислоҳи ин қонун дар давоми як сол агар танфурӯш бори дуввум барои ин гуноҳ боздошт шавад, аз 800 то 1600 сомонӣ ҷарима ва ё аз 10 то 15 рӯз ҳабси маъмурӣ хоҳад шуд. Ин ҳам дар ҳолест, ки то кунун кормандони тиҷорати фаҳшо бо супоридани 400 то 800 сомонӣ раҳо мешуданд. Зеро дар қонунгузории кишвар танфурӯшӣ на ҷиноят, балки қонуншикании маъмурӣ ба ҳисоб меравад ,афзуд  Раҷабзода.

Баҳодур Уроқов, Хабарнигори мардумии СССР дар вил.Хатлон

 

 

1 Паём

  • Шарҳр додан Майрам Чоршанбе, 06 Апрел 2016 14:01 Паём аз Майрам

    хай инҳоям нархи хизматашонро мебардоранд

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter