Принт

Мансаби нави соҳиби хатсайрҳои №№19 ва 28

Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 апрели соли 2016 Қурбонзода Хуршед Ҳазрат сардори Раёсати хадамоти давлатии танзим ва назорат дар соҳаи нақлиёти Вазорати нақлиёти ҶТ таъин гашт.

Ӯ дар ин симат Неъматзода Фаррухро, ки ҳанӯз 1 сол пеш ба ин вазифа таъин гашта буд, иваз намуд.

Қурбонзода Хуршед Ҳазрат солҳои тӯлонӣ дар вазорати нақлиёт ва зерсохторҳои он кору фаъолият намуда муассиси ҶСК «Нақлиёт» аст, ки хатсайрҳои микроавтобусии №19 ва 28 ба ин ҷамъияти нақлиётӣ шомиланд.

Курсии сардори Раёсати мазкур барои Қурбонзода Хуршед Ҳазрат масъулияти балантаринест, ки то ин дам бар дӯш дошт ва нақлиётчиёни пойтахт умед бар он доранд, ки номбурда ҳангоми иҷро намудани ваколатҳои хеш иҷро намудани 1 қатор қарорҳои Ҳукумати ҶТ, аз он ҷумла Қарори №702-ро ба амалҳои ғайриқонунӣ роҳ нахоҳад дод ва ин корро аз зертобеони хеш, алалхусус аз Раёсати хадамоти шаҳрӣ низ талаб хоҳад кард.

СССР

 

Матлабҳои дигар