ХАБАРИ ДОҒ

«Ӯзбекистон ҳаво йулари» парвозҳоро ба Душанбе зиёд мекунад

  • Чоршанбе, Окт 24 2018


   Ширкати ҳавопаймоии «Ӯзбекистон ҳаво йулари» аз моҳи ноябри соли ҷорӣ парвозҳои хешро аз Тошканд ба Душанбе зиёд менамояд. Минбаъд парвозҳо аз Тошканд ба пойтахти Тоҷикистон ҳафтае 2 маротиба-рӯзҳои душанбе ва панҷшанбер сурат гирифта, ин амал ба хотири фароҳам сохтани шароити мусоид барои парвозҳои мусофирон тавассути Тошканд ба Аврупо ва Амрико роҳандозӣ карда шудааст.
   Чуноне ки ба мухбири СССР дар намояндагии ширкати мазкур дар Душанбе хабар доданд, шурӯъ аз 29.10.2018-мавсими зимистонаи парвозҳо, ҳавопаймоҳои ширкати «Ӯзбекистон хаво йулари» рӯзи душанбеи ҳафта соати 21:00 аз Тошканд ба самти Душанбе парвоз карда, аз Душанбе ба Тошканд вақти парвоз 23:15 сурат хоҳад гирифт. Рӯзи панҷшанбеи ҳар ҳафта бошад парвоз аз Тошканд соати 01:00 анҷом дода шуда, аз Душанбе бошад соати 04:00 ба нақша гирифта шудааст.
   Ин тағийрот дар нақшаи парвозҳо пас аз муроҷиати мусофирони зиёд, ки аз Душанбе ба воситаи Тошканд ба кишварҳои хориҷаи дуру наздик парвоз мекунанд, роҳандозӣ шудааст. То ин дам бошад парвозҳо аз тарафи ширкати ҳавопаймоии ӯзбекистонӣ дар самти Тошканд-Душанбе-Тошканд танҳо ҳафтае 1 маротиба-рӯзи сешанбе анҷом дода мешуд.

СССР


ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter