ХАБАРИ ДОҒ

Ҷашни Роғун дар Душанбе-бошукӯҳ ва мушакпарронӣ!

  • Ҷумъа, Нояб 16 2018

   17.11.2018, яъне пагоҳ дар Муассисаи давлатии  «Наврӯзгоҳ»-и ш.Душанбе  намоиши театришуда  бахшида ба истифода додани  агрегати якуми  Неругоҳи  барқии обии «Роғун»  баргузор мегардад. Ҳамчунин дар ин рӯз  баъди анҷоми намоиш ба муддати 5 дақиқа мушакпарронии (фейерверки) идона сурат мегирад.
    Бино ба иттилои аз Ҳукумати ш.Душанбе расида, ҳамчунин 17 ноябр  дар тамоми боғҳо ва  дигар маконҳои фарҳангию фароғатӣ барои сокинону меҳмонони пойтахт сайру гашти  оммавӣ ва  барномаҳои фарҳангӣ баргузор мегарданд. Аз ҷумла, чунин барномаҳои идона дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Садриддин Айнии н.Исмоили Сомонӣ, Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абдулқосим Фирдавсии н.Фирдавсӣ,   майдони 800-солагии Москваи  н.Шоҳмансур ва майдони назди Прокуратураи генералӣ  дар н.Сино  баргузор мегарданд.
    ИНчунин, бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Душанбе   имрӯз ва пагоҳ, 16-17 ноябри соли равон дар  пойтахт ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ низ баргузор карда мешаванд. Аз ҷониби Агентии захираҳои моддии давлатӣ ва Иттифоқи «Тоҷикматлубот» ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ  дар ҳамаи бозорҳои шаҳр  ташкил карда мешаванд. Ҳамчунин  чунин ярмаркаҳо аз ҷониби кишоварзони вилояти Хатлон ва н.Рӯдакӣ дар КВД «Бозори Саховат», деҳқонони  вилояти Суғд, шаҳрҳои Турсунзодаву Ҳисор ва ноҳияи Шаҳринав дар КВД «Бозори Меҳргон», ш.Ваҳдат ва ноҳияҳои Файзободу Лахш дар Бозори «Қарияи боло» ва ноҳияҳои Тоҷикобод, Рашт, Сангвор ва Нуробод дар бозори «Ховарон» ташкил гардида, дар онҳо маҳсулоти кишоварзӣ пешниҳоди сокинону меҳмонони пойтахт гардонида мешаванд.
 


ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter