ХАБАРИ ДОҒ

Хатлон: 6 000 Хатнасур дар давоми 10 моҳ

  • Душанбе, Нояб 19 2018


  Дар 10 моҳи соли равон дар в.Хатлон 6000 хатнасур бо таври ройгон анҷом дода шудааст. Сокинони вилоят қаблан фарзадонашонро дар хона бо иштироки устои маҳаллӣ хатна мекарданд, вале ҳоло бошад ин амалро бештар дар беморхонаҳо анҷом медиҳанд.
   Нозим Азизов сокини н. Кушониён дар сӯҳбати СССР афзуд, ки аз ин кор хело шод аст, зеро хатнаи кӯдакон дар муассисаҳои тиббӣ ройгон анҷом дода шуда, зимни гузаронидани ин кор тамоми талаботҳои лозима ба назар гирифта мешаванд.
   - Ҷойи пӯшида нест, ки аксарияти мардум камбизоатанд ва на ҳама имконияти маъракаи тӯйю сури хатнасурро доранд. Ҳозир ман 2 писарамро ба ин муассисаи тиббӣ ш.Бохтар овардаам, писари калониам ба синфи 1 меравад, дигараш 5 сола аст, пештар имкони туй надоштам, ҳоло бошад аз ҷониби табибон бо тариқи ройгон писаронамро хатна карда ба хона мебарам, - гуфт Нозим Азизов.
   Мувофиқи тағйиру иловаҳои воридгардида дар рӯзҳои иди Рамазон ва Қурбон оростани дастурхони маънавӣ ва хоксорона, роҳ надодан ба исрофкорӣ ва зиёдаравӣ, дар доираи оила бе хизматрасонии санъаткорон гузаронидани хатнасур, бо розигии падару модар аз рӯзи таваллуди писар то 20 рӯзагӣ дар муассисаҳои тиббӣ ба таври ройгон анҷом додани хатна пешбинӣ гардидааст.

Баҳодур Уроқов, СССР, вилояти Хатлон

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter