ХАБАРИ ДОҒ

Фоидаро деҳқон мебинад ё тоҷир?

  • Панҷшанбе, Дек 06 2018


   Ба ҳама маълум аст, ки боду ҳавои имсола хеле гарм омада, қариб ба ҳамаи намуди маҳсулоти растанипарварӣ дар в.Хатлон зарари худро расонд. Тибқи иттилои сардори Сарраёсати кишоварзии в.Хатлон Сироҷев Меҳнатулло ба мухбири СССР, ҷамъоварии картошка дар 10 моҳи соли ҷорӣ 213,038 тонна, ки нисбати соли гузашта 54,380 тонна зиёд аст, ташкил додаст. Дурнамои пахта дар соли ҷорӣ 250 310 тонна муаян шудааст ва айни ҳол ҷамъоварии пахтаи 143 517 тонна-ро ташкил медиҳад. Ҷамъоварии ангур дар вилоят беш аз 96,000 тонна аст, аммо дар баробари ин аксарияти деҳконони ноҳияҳои Ҷ.Балхӣ, Ҷайҳун ва Дӯстӣ натавонистанд сари вақт ҳосили пиёзро ҷамъоварӣ намоянд.
   - Ростӣ, ҳосили имсола хеле хуб шудааст, аммо соҳибкорон хело нархи арзон пешниҳод мекунанд. Мо бозорҳои минтақаи Бохтарро дидем, савдогарон пиёзро то 1,20 то 1,50 сомонӣ барои ҳар кило мефурӯшанд. Соҳибкорон ё тоҷирон барои 1 кг ба мо 30 дирам пешниҳод мекунанд, магар ин аз рӯи инсоф аст!? Касе андеша намекунад, ки деҳқон чӣ қадар маблағ хароҷот мекунад барои кишти пиёз, нархи сӯзишвории дизелӣ низ ҳоло 8,20 сомонӣ аст, соли гузашта 4,50 сомониро ташкил мекард, 1 халта доруи минералӣ 200 сомонист, соли гузашта бошад аз 150 то 170 сомониро ташкил мекард. Бигзор ҳосил дар зери замин истад, аммо бо чунин нарх ба тоҷиру соҳибкор намефурӯшам. Акнун худатон хулоса бароред, ки бештар фоида мебинад, деҳқон ё тоҷир?, - таъкид намуд зимни сӯҳбат Ҳоҷиато Давлатов, яке аз кишоварзони н.Ҷ.Балхӣ.
   Ҳоҷиато Давлатов мегӯяд, ки чаро масъулин наметавонанд нархи сӯзишвории дизелиро ба танзим дароранд?
   Дар ин робита Исмонов Фирӯз, сардори Раёсати зиддинҳисории в.Хатлон дар сӯҳбати телефонӣ иброз дошт, ки нархи сӯзивории дизелӣ дар ҷаҳон гарон асту то нархи он дар биржаи ҷаҳонӣ поён нашавад, нархи он арзон намешавад. Аксарияти соҳибкорон, ки бо хариду фурӯши сӯзишворӣ машғуланд, низ намехоҳанд, ки нархи сӯзишворӣ баланд шавад, чунки агар нархи сӯзишворӣ боло равад, андозҳо ҳам боло  мераванд.

Баҳодур Уроқов, СССР, вилояти Хатлон
   

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter