ХАБАРИ ДОҒ

ВАО-и варшикастаи Тоҷик...

  • Чоршанбе, Дек 12 2018


Дар натиҷаи 1 тадқиқоти расмии оҷонсии “Зеркало” дар моҳи феврали с.2017 дар Тоҷикистон муайян шуд, ки бинандагони ТВ (маҳаллӣ, минтақавӣ, вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ) ҳудудан-80% (7 920 000), шунавандагони радио-44% (3 960 000), оҷонсиҳои иттилоотӣ 36% (3 240 000) ҳастанд, ки аз ин 5 500 000 тан кӯдакону наврасонанд...

Кӯдакони мо дар ИНТЕРНЕТ!!!
Тадқиқот нишон дод, ки аслан қисми зиёди корбарони интернет ҷавонон, хосса, кӯдаканд. Дар натиҷаи пажӯҳиш муайян карда шуд, ки 73,5% аз 10 то 16-сола, 29,4% аз 16 то 18-сола, 25% аз 18 то 24-сола, 25% аз 25 то 34-сола, 18,6% аз 35 то 44-сола, 27% аз 45 то 60-сола ва болотар аз онанд. Бояд ба назар гирем, ки ҳар 1 каси дуюм маълумотро аз интернет мегираду ҳар нафари сеюм умуман газета намехонад. Аз ин бармеояд, ки 1 қисми фаъоли корбарони иттилоот аз нобоварӣ ба ВАО-и муқаррарӣ рӯ ба маводи интернетӣ овардаанд. Агар айнан чунин назарсанҷӣ байни хонандагони нашрияхои ҳукуматӣ гузаронида шавад, манзара ниҳоят ранги дигар мегирад. Танҳо пурсиши холис вазъи воқеиро нисбатан саҳеҳ мегӯяд. Лек 1 далел бе баҳс аст, ки аз ҷониби тамоми қишрҳои ҷомеа бештар истифода шудани технологияи электронии иртиботӣ-интернет сафи истифодабарандагони иттилооти фавриро бемайлон меафзояд.

Музофот рӯ ба хориҷа дорад!
Фазои хабарии ноҳияҳои Исфара, Зафаробод ва Конибодомро якбора якчанд шабакаҳои ТВ Ӯзбекистон, ба мисоли «Ӯзбекистон» (шабакаи 1-уми ТВ Ӯзбекистон), «Ёшлар», ТВ Андиҷон, Фарғона, Намангон, Марғилон ва ТВ “Қирғизистон” фаро мегирад. Дар ин баробар анқариб кулли аҳолии ҷамоатҳои калонтарини ин шаҳру ноҳияҳо ТВҳои тоҷикро қариб ки имкони тамошо кардан надоранд. Дар вил.Суғд умуман 15 шабакаи ТВ ва 6-7 радиостансияҳои хориҷӣ, асосан Ӯзбекистон, пахш мегардад. Ба матбуоти ҷумҳуриявӣ бошад ниҳоят дер дастрасӣ пайдо мекунанд. Хосса, деҳаҳои баландкӯҳ. Дар ҳоли ҳозир ноҳияҳои Шаҳритусу Қубодиён ва Шаҳринаву ш.Турсунзода низ ҳамчунинанд. Дар дигар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ бошад шабакаҳои эронӣ зиёд машҳуранд ва қариб кулли ҷомеа рӯ овардаанд ба туркибиниву туркишунавӣ. Филмҳои туркие, ки аз ҷониби ТВҳои Эрон пахш карда мешаванд, фазои иттилоотии моро комилан ғасб кардаанд. Ҳатто ахборро низ дигар майли тамошо надорем. Сабаби асосии инро тамошобинон дар набуди барномаҳои тамошобоби ТВҳои тоҷикӣ ва зиёд будани реклама медонанд.

Рекламаи дору-дарди сари Давлат
Даромади асосии ТВро реклама ташкил мекунад, лек аён аст, ки ҳеҷ як тамошобин онро қабул надорад. Охир, реклама низ бояд меъёр дошта бошад, то дилбазан нашавем. Агар раванд ҳамин гуна идома ёбад, баъди чанд соли наздик ТВи тоҷик доираи тамошобинони худро куллан аз даст медиҳад. Ин масъала барои Кумитаи ТВ ва радио ва роҳбарияти ТВҳои кишвар бояд мушкили №1 бошад. Завқи аслии моро аслан тамошои кино ташкил медиҳад, лек чун дар ТВҳои худӣ филмҳои диданӣ намеёбем, рӯ овардаем ба ВАО-и хориҷӣ. Ҳатто Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ зимни сафари расмии худ ба вилояти Суғд ва ифтитоҳи бинои иловагии Идораи ТВ ва радиои вилоят аз журналистон даъват намуд, ки барномаҳои табиии касбӣ омода кунанд, на қолабиву сохта. Тавре мебинем қисми зиёди барномаҳо сохтаву қолабианд ва таровате ҳам надоранду якранганд! Ин қадар журналистоне, ки хатми мактабҳои журналистӣ мекунанд, куҷо шуданд? Ақаллан матнҳои журналистӣ дар доираи талаботҳои имлои забон навишта шаванд. Мавзӯъҳои интиқодӣ-ку аслан дар телевизионҳои мо нестанд! Муҳтарам кормандони Кумитаи ТВ ва радио, Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм”, кай ягон филми хуби тоҷикӣ тамошо мекунем? Чаро замони шӯравӣ мо беҳтарин филмҳоро сабт мекардему ҳозир не?

Рустами Абдулло
узви ИЖТ

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter