ХАБАРИ ДОҒ

Вақте шарики стротегӣ моро аз феҳристи Одам баровард…

  • Панҷшанбе, Дек 20 2018


Психологияи миллӣ-9

Хабари сенсатсионие, ки аз тарафи ВАО-и расмӣ нодида гирифта шуду парлумони ҷоноҷони мо ҳатто «пурт»-аш нагуфт, ин шуд, ки Ҳостел-меҳмонхонаҳои маркази Маскав-пойтахти Русия, тасмим гирифтанд, гражданинҳои Тоҷикистону Ӯзбекистонро дигар ба дарборашон роҳ надиҳанд. Дар ин бора сомонаи Взгляд.ру навишт.
Гӯиё барои мо ҳич чизе нашудааст. Зеро психологияи ғуломии мо ҳар тасмимеро, ки дар нисбат ба Тоҷик дар Русия гирифта мешавад, қабул дорад. Аммо маънии тасмими ахирии Ҳостелҳои Маскав ин аст, ки онҳо Тоҷикону Ӯзбеконро аз раъси Инсон хат заданд! Яъне Тоҷик ва Ӯзбек ҳуқуқи, ҳатто бо пардохти пулу пайса, дар 1 ҳутал бо ОДАМ-он буданро надоранд!!! Чунин тасмимро боре, дар соли 1933 Гитлер дар нисбат ба яҳудиён гирифта буд. Он ибтикори Гитлер бо лагерҳои констратсионӣ, рушди бесобиқаи фашизм дар Аврупо, ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ, қатли 60 млн нафар ва фурӯпошии империяи Германия хатм ёфт. Аммо онҳо яҳудӣ буданду инҳо, просто, тоҷику ӯзбеканд. Ким аз инҳо пуштибонӣ мекунад? ВАО дар кишварашон? Надидем! Парлумон? Нашунидем!! Вазорати корҳои хориҷӣ??? Нахандонед!!!
«Бунёди зулм андаке буд, ҳар кӣ омад бар он чизе замм кард, то ба ин ҳадд расид!»-ин ҳушдори Анӯшервони Одилро кӣ намедонад? Ҳама медонад, тем более дар парлумони касбӣ ва Вазорати корҳои хориҷӣ. Ва аммо чаро касе эътироз намекунад? Магар, имрӯз дастуре шавад, ки русҳои ҳатто бомжу майзадаро ба Ҳостелҳои Душанбеву Тошканд роҳ надиҳанд, медонед дар Думаву Мининостранныхдели ФР чӣ мешавад? Оре, аккурат, ҷанги саввуми ҷаҳонӣ зидди Ӯзбекистону Тоҷикистонро сар мекунанд! Қрими дуввум ва ё Осетияи сонӣ мешавад! Ошашон шавад! Метавонанд! Вале мо хомӯшем…
Мо бояд ҳамон соате садо баланд мекардем, ки миллати моро Джумшуту Ровушан кардаву прототипи Чукча месохтанд. Мо бояд он гаҳ хомӯширо мешикастем, ки садҳо Тоҷикро қатл мекарданд! Мо бояд он даврон эътироз менамудем, ки тоссарҳои фашистаки русӣ дар кӯчаву хиёбонҳо моро лату кӯб мекарданд. Мо бояд нотаи эътирози расмии давлатӣ вақте мефиристодем, ки Хуршедаи 9-соларо 18 халаи корд мезаданд…Накардем. Психологияи тарс, ки сарманшаъаш «ин ҳам мегузарад» аст, моро дасту по баста буд ва ана акнун ба таъбири ҷавонони имрӯза «Бги дега!»… Кӯдаки 5-солаи Тоҷикро таҷовуз мекунанду мекушанд ва қотил…бе ҷазо мемонад. Чунки ин охир кӯдаки Одам нест-ку?! Баччаи чизест, поинтар аз Инсон, ки бо дастури ахирӣ, ин тойифа ба Ҳостелҳои Маскав роҳ дода намешаванд.
Чунин тасмим на имрӯзист. Дар бораи тасмими Гитлер ва қавми яҳуд дар боло гуфтем. Вале дар Ҷопони фашистӣ низ хитойиҳо ба ҷойҳои ҷамъиятӣ роҳ дода намешуданд. Англисҳо дари ҳуталу ҷойҳои фарҳангиро ба рӯи ҳиндувон баста буданд. Ёд оред, ки пас аз як чунин тасмим, ки англисе ҳиндуеро маҷбур намуд, чун саг аккос занад, бо дархости Маҳатма Гандӣ чандсад миллион ҳинду ба кӯча рехтаву чанд рӯз чаҳорпоя шуда, сӯи англисҳои ғосиб меҷакиданд. Ин бузургтарин ҳуҷуми психологӣ дар таърихи инсоният буд, ки бо «ҷомадонғундорӣ»-и англисҳо хатм ёфту Ҳиндустон комилан аз монополияи Британия раҳо хӯрд…
Шояд имрӯз соате расида, ки мо низ мисли Гандии Бузург ин тасмими мақомоти Русияро таҳрим кунем? Чаро мақомот гуфтем? Зеро ҳамон Взгляд.ру менависад, ки маҳз пулиси Маскав Ҳостелҳоро маҷбур мекардааст, ки Тоҷику Ӯзбеконро роҳ надиҳанд. Пас ин ҷо тасмими фардиву тиҷоратӣ нест. Тасмим сиёсӣ ва фашистист!!! Бовар надоред, саре занед ба ин ҷо: http://admin.vz.ru/news/2018/12/11/954799.html
Ин миллатбадбиниии Маскав ва пулиси рус дар мавридест, ки тамоми ҷаҳон, ба вежа, Аврупову Амрико аз Кремл рӯ гардонидааст! Ҳатто Украинаи ҳаммиллату ҳаммазҳабу ҳамфарҳангу ҳамзабон бо Русия дар ҳолати ҷанг қарор дораду Белорусия бо Маскав қаҳрист. Русия бидуни ҳамин кишварҳои ОМ, бо шумули Ӯзбекистону Тоҷикистон ва Қазоқу Қирғизистон дигар ягон шарики стротегӣ 1 сӯ, давлати ҳамфикр надорад! Ва ана дар ҳамин тангно Маскав Тоҷику Ӯзбекро аз феҳристи Инсонҳо хат мезанаду тасмим мегирад, ки онҳоро ба Ҳостелҳои маркази Маскав роҳ надиҳанд. Яъне инҳо, фаразан мисле, ки мо маркази пойтахтамонро аз саги дайдуву бомжу ҷӯгиву гадо поккорӣ кардаем, то хори чашми меҳмонон нашаванд, ана ҳамингуна ба чашми русҳо мехалидаанд. Ва аҳамият деҳ, хонанда, дар ҳуталу ҳостелҳо муҳоҷирони меҳнатии гастербайтер не, Джумшуту Ровушан ҳам не, ки Тоҷикони меҳмони Русия ҷо мегирифтанд, ки пулу пайсае доштанд!
Ман ростӣ, намедонам, дигар ба ин парлумону ин Вазорати корҳои хориҷаи кишварам чӣ гӯям, то ишон дар симои Тоҷики меҳмони Русия шарафи Миллату Ватани хешро ҳифз кунанд…

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter