ХАБАРИ ДОҒ

Донишҷӯёни сарсони Универи Бохтар

  • Панҷшанбе, Дек 20 2018


«Хола дар доми Шумо ягон квартираи холӣ ҳаст?»-ин суолро занҳои дар зери биноҳои бисёрошёнаи ш.Бохтар нишаста борҳо шунидаанд. Воқеан ҳам бадтарин мушкил дар ҷомеаи имрӯз дастрасӣ ба манзили истиқоматист, ки донишҷӯён ҳам мубталои ин дарданд. Гузашта аз ин соҳибхонаҳои «ифротгаро» дар симои ҳар донишҷӯ афроди зинокорро дида, дарро ба рӯяшон мепӯшанд. Ҳамин гиру дор боис шуда, ки нархи иҷораи хона ба осмон мерасад. Дар самти ёфтани сарпаноҳ донишҷӯдухтарон бештар азоби алим доранд.
 Яке аз калонтарин муассисаҳои олии вил.Хатлон Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Н.Хусрав аст, ки ҳудуди 17.000 донишҷӯ дорад ва камтар аз 600 тани онҳо бо хобгоҳ таъминанд, боқӣ иҷоранишин ё дар хонаи холаву амма ва дигар ақрабо зиста, умре зери бори миннати онҳо қарор мегиранд. ДДБ солона миллионҳо сомонӣ аз ҳисоби донишҷӯён фоида ба даст меорад, лек барои бунёди 1 хобгоҳи замонавӣ ва муосир иқдом намекунад. Фақат бинои роҳбарнишин таъмири хуб мешаваду бас.
 
Буҷҷавӣ ва шартномавӣ
Тибқи шартнома таҳсил кардани донишҷӯён ба он маънӣ нест, ки мардум даромади хуб дорад. Волидон барои «нангу номуси дунёӣ» охирин луқмаи даҳонро ба кассаи донишгоҳ мерезанд. Илоҷи дигар ҳам нест. Замон ва низоми таҳсил ҳамин аст. Инро мо ва мардум ногузир қабул дорем. Пас ягон бадӣ надорад аз ин ҳисоб хобгоҳ созанд. Дар ин чанд сол агар хиште болои хишт гузошта мешуд, ҳоло чанд бинои хобгоҳ қомат меафрохт. Ин тадбирро бо роҳи ҳашари донишҷӯён ҳам метавон амалӣ кард. Чаро донишҷӯе, ки чанд сол пеш барои сарватманд шудани роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ дар даштҳои сӯзони Шаҳритус «гушнаву ташна» пахта чида тавонист, дар шаҳри обод чанд хиштро то пеши устои хиштчин оварда натавонад? Ҳоло амр шавад, ки «ҳама ба пахтачинӣ!» ончунон ташвиқот сар мешавад, ки ҳар пунба дар назарат чун ояҳои Қуръон муқаддас метобад. Моҳияти чунин амр ҳам агар ба муҳассилин фаҳмонда шавад, ҳатман онҳо нерӯи худро барои бунёди сарпаноҳашон сарф мекунанд. Зеро миллати мо табиатан накӯкор аст. Садҳо манзили истиқоматӣ дар Хуросону Кӯлобу Бадахшон бо роҳи ҳашар ва дастгирии молиявии мардум сохта шудааст. Дар ш.Бохтар ҳам ба ин роҳ метавон барои донишҷӯён хобгоҳи умумӣ сохт. Барои амалӣ шудани чунин амри хайр фақат дилсӯзии ректор намерасад. Дигар шарт нест, ки ректор худ манзили истиқоматӣ надошта бошад, азоби иҷоранишинӣ кашад ва баъд бо донишҷӯён ҳамдард шавад...

Деворҳои махуфи Универ…
Сарфу харҷи маблағҳо дар ДДБ на ҳама вақт мантиқӣ ва мақсаднок сурат мегирад. Чанд сол қабл ҳазорон сомонӣ сарф карда, бинои асосии ДДБро мисли 1 мағоза бо шишаҳои сиёҳ оро доданд ва баъд боз бо сарфи аз ин беши маблағҳо ба он тарҳу намои миллӣ бахшиданд. Дар бунёди иншооти таълимӣ низ меъёрҳои шаҳрсозӣ ба инобат гирифта намешавад. Биноҳои таълиме, ки дар маҳаллаи «НИХИ»-и ш.Бохтар сохтанд, гӯё хонаҳои боҳашамати кадом сарватманди мазҳабист, ки барои пинҳон кардани занҳои дар сад қабат сатр печондааш ҳавлии паҳлуи росташро, ки рӯи ба рӯи шоҳроҳ ва шаҳр аст, бо девори баланду касногузар маҳкам кардааст. Панҷараҳои оддиву хуштарҳ кофист, то раҳгузарон бубинанд, ки ин ҷо таълимгоҳ аст ва 1 насли хушбахт дар он таҳсил мекунад.

Саидҷаъфар Сафарзода
ш.Бохтар

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter