Принт

Парвозҳои «Тоҷик эйр»-ро ширкати «Сомон эйр» анҷом хоҳад дод


 Ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик эйр» ба диққати мусофирон мерасонад, ки то анҷоми мавсими зимистонаи парвозҳои солҳои 2018-2019 парвозҳои ширкати мазкурро ба самти шаҳрҳои Федератсияи Россия ширкати дигари ватанӣ-«Сомон эйр» иҷро хоҳад кард.
   Чуноне ки Азиз Хайруллоев, котиби матбуотии ширкати «Тоҷик эйр» эълон дошт, айни замон байни ин 2 ширкати ҳавопаймоӣ тавофуқнома дар мавриди интиқоли мусофирон ба шаҳрҳои ФР ба имзо расида, амалиёбии хатсайрҳо низ ҳаллу фасл шудааст.
   Бояд қайд намуд, ки ширкати «Тоҷик эйр» парвозҳои худро аз рӯзи аввали соли ҷорӣ дар самтҳои шаҳрҳои ФР мавқуф гузошта, хабар дода буд, ки ин кор ба хотири баррасӣ намудани вазъи молии ширкат ва таҳқиқи зарару фоидаи парвозҳо сурат гирифта, хатсайрҳо то 7.01.2019 муваққатан мавқуф гузошта мешаванд.


Матлабҳои дигар