ХАБАРИ ДОҒ

Хитой танқиди Сталинро манъ кард!

  • Ҷумъа, Янв 18 2019


Дар Хитой китобҳои Александр Солженитсин, нависандаи фирории даврони шӯравӣ, ки дар Аврупову Амрико зиста, умре Иосиф Виссарионович Сталин ва сохти шӯравиро мазаммат кардаву китоби «Архипелаг ГУЛАГ»-аш сазовори ҷоизаи Нобел шуда буд, сӯхта мешаванд! Пекини расмӣ гуфтааст, ин китобҳо арзише надоранд ва танҳо бо тасмими сиёсӣ соҳиби Нобел шуда буданд. Ба таҳқиқ, агар касе Солженитсинро хондааст, медонад, ки асарҳояш пуч ва камарзишанд. Дар он даврон, ӯро ҳамчун рифола истифода мекарданд, то дар ҷанги сард алайҳи СССР корбаст шавад. Вақте, ки ин «қаҳрамони ҷанги сард» баъди бозсозӣ ба СССР баргашт, маълум шуд, ки пуфе, ҳубобе, фашисти русе беш нест ва зуд исторааш аз дурахш монд. Си Тсзинпин-президенти Хитой дар мавриди Солженитсин гуфт:
-Касе сари Сталин ифлосӣ ва музахрафот мерезад, сари халқи шӯравӣ ифлосӣ мерезад. Касе сари шогирди вай-Маои Бузург ифлосӣ мерезад, сари миллати чиноӣ ифлосӣ мерезад. Мо намегузорем, ки нафаре моро, арвоҳи сарварони даврони шӯравии аҳди Сталинро хору залил кунад. Ана барои чӣ, сар аз ин рӯз, ҷои китобҳои Солженитсин оташи сӯзон аст, на рафи китобхонаҳо!...
Хотиррас мешавем, ки китоби Солженитсинро мутолиа кардан дар Хитой ба ҷиноят баробар шудааст ва ҳар ҷое ин кутубро ёбанд, ҳатман месӯзанд. Лозим ба ёдоварист, ки чанде қабл бо ҳузури Путин В.В. дар Маскав ҳайкали Александр Солженитсин гузошта шудаву он ҷо ВВП сухан ҳам карда буд. Ба таҳқиқ ин иқдоми Путин ва сухани Тсизинпин санги нифоқ миёни 2 кишвар хоҳад шуд.
Сталин ҳамеша дар Хитой обрӯву мартабаи бузург дошт ва дорад. Моҳи марти соли 1953, дар рӯзи марги Сталин, Байрақи Давлатии Чин, дар маркази Пекин поин шуд, яъне Хитой бо халқи советӣ дар мотами генералиссимус нишаста буд. Сталин қаҳрамони воқеии Хитой аст, ки ин давлатро аз чанги истибдоди Японияи фашистӣ дар соли 1945 раҳонидаву ҳукуматро ба дасти партияи коммунистии Хитой ва шогирди содиқаш Мао Тсзе Дун дода буд.
Мавзуъро пайгир мемонем. Мо Метавонем!

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter