Принт

Шурӯи фаъолияти троллейбусҳои беноқил дар Душанбе


   Аз моҳи марти соли равон дар кӯчаҳои пойтахт троллейбусҳои беноқили истеҳсоли ширкати «Белкоммунмаш»-и Беларус фаъолият хоҳанд кард.
   Гуфта мешавад, ки дар марҳилаи аввал 4 адад чунин троллейбусҳо ба пойтахт ворид карда шуда, дар ҳолати мутобиқ будани он ба кӯчаю хиёбонҳои ш.Душанбе, идомаи харидории он бозбинӣ карда мешавад. Троллейбусҳои ширкати «Белкоммунмаш» тариқи ноқил ва ҳангоми қатъ гардидани қувваи барқ то 15 километр ба воситаи батарея ҳаракат мекунанд. Арзиши 1 адад чунин троллейбусҳо наздик ба 250 ҳазор доллари америкоиро  ташкил медиҳад.

Матлабҳои дигар