Принт

Тандурустӣ: беҳтаринҳои Душанбе муайан шуданд

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии маҳаллӣ дар шаҳри Душанбе ғолибони 1 қатор озмунҳои шаҳрдориро дар соҳаи тандурустӣ интихоб ва маблағи ҳавасмандкунии ин муассисаҳо ва нафаронро муайан низ кард.

 

Чуноне ки ба мухбири СССР дар дафтари матбуоти раиси шаҳри Душанбе хабар доданд, ғолиби озмуни «Беморхонаи сол - 2015» - коллективи кормандони Беморхонаи клиникии шаҳрии №5 гашта ба маблағи 3000 сомонӣ мукофотонида шуданд. Ғолиби озмуни «Муассисаи кумаки аввалияи тиббию санитарии сол - 2015» - коллективи кормандони Маркази саломатии шаҳрии №9 шуда ба маблағи 2500  сомонӣ ҳавасманд гардонида шуданд. Ғолиби озмуни «Табиби сол - 2015» - табиби шуъбаи ҷарроҳии ҷигар, роҳҳои талхагузар ва ғадуди зери меъдаи Беморхонаи клиникии шаҳрии ёрии таъҷилии тиббӣ Қандаков Олимшо Қанатшоевич ба маблағи 2000 сомонӣ, ғолиби озмуни «Табиби оилавии сол - 2015» - табиби оилавии Маркази саломатии шаҳрии №1 Кабиров Комилҷон Мунаваршоевич ба маблағи 1500 сомонӣ, ғолиби озмуни «Корманди миёнаи тибби сол – 2015» ҳамшираи тиббии Маркази саломатии шаҳрии №9 Абдуллоева Тахмина Ҳабибуллоевна ба маблағи 1000 сомонӣ мукофотонида шуданд. Дипломҳои хотиравӣ ва мукофотҳои пулӣ ба ғолибон рӯзи 16 апрел дар Рӯзи пойтахт дар маҷлиси тантанавӣ аз ҷониби раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев супурда хоҳанд шуд.

СССР

 

Матлабҳои дигар