Принт

Хатлон: дар 7 сол 10,5 ҳазор га. аз кор монд!


Хатлон яке аз вилоятҳои калонтарини мамлакат ба шумор рафта, то ба имрӯз дар он зиёда аз 68,436 хоҷагии деҳқонӣ ба кишоварзӣ машғуланд. Новобаста аз ин ҳамасола теъдоди зиёди заминҳои корам аз киштукор монда истодаанд. Чунончи, тибқи маълумоти оморӣ аз с.2012 ин сӯ зиёда аз 10,571 га замин аз гардиши кишт мондаанду бо сабабҳои зерин истифода нашудаанд:
1.Шӯршавӣ ва ботлоқшавӣ;
2.Аз кор баромадани шабакаҳои каналу иншоот;
3.Дар натиҷаи селоб зер кардан, нагузарондани корҳои мелиоративӣ;
4.Аз нав таъмир ва таҷдид намудани шабакаҳои обёрикунанда;
5.Набудани шабакаҳо барои обёрӣ.
Тибқи маълумоти Кумитаи замини вил.Хатлон дар 7 соли охир бештар аз 1500 га замини корам дар ноҳияи Дӯстӣ (собиқ Ҷиликул) 1699 га, н.Қубодиён 1192 га, н.Ҷ.Балхӣ 1127, н.Панҷ 1342 га аз коркарду гардиш мондаанд. Масъулини кумита мегӯянд, нисбати солҳои 2012 заминҳои аз гардиши кишоварзӣ монда истода 1 маротиба кам шудааст ва мутахассисон тамоми талошҳоро мекунанд, ки аз ин раванд пешгирӣ намоянд. Дар соли 2018 аз майдони умумии вилоят 4653 га замин аз гардиши кишоварзӣ берун мондааст. Замини партов бошад ба ҳолати 1.01.2019 дар марзи маъмурии шаҳру навоҳии вилоят 20,292 га-ро ташкил мекунад. Сабабҳои асосии бекоршавӣ ин баланд будани обнокии замин аст.
Тибқи маълумоти расмӣ дар 5 соли охир бо мақсади нигоҳ доштани заминҳои кишт дар ҳолатӣ корӣ, беш аз 10.000 техникаву таҷҳизоти кишоварзӣ ба маблағи 570 млн сомонӣ ворид шуда, барои ин дар ҳаҷми беш аз 200 млн сомонӣ имтиёзҳо татбиқ шудаанд. Аз ҷониби Ҳукумати ҶТ ба Вазорати кишоварзӣ, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супориш дода шудааст, ки бо ҷалби соҳибкорони ватаниву хориҷӣ ҷиҳати беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо, ба роҳ мондани усулҳои интенсивии истеҳсолоти кишоварзӣ, пурра ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани замин, махсусан, баланд бардоштани маданияти истифодаи замин чораҷӯӣ намоянд. Дар баробари ин, супориш шудааст, ки дар самти зиёд намудани майдони боғу токзор ва ба ин васила афзун гардонидани истеҳсоли меваҳои аз ҷиҳати экологӣ тоза, ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ ва ба содирот нигаронидашуда тадбирҳо андешида шаванд.

Баҳодури Абдусалом, СССР, вилояти Хатлон

Матлабҳои дигар